Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Хабарҳо

Кормандони саҳроии лоиҳаи ETICA дониши худро оид ба кӯмаки иҷтимоӣ ҳангоми бемории сил такмил медиҳанд 19.02.2022 13:51
17-18 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар мавзӯи «Кӯмаки иҷтимоӣ ҳангоми бемории сил» барои кормандони саҳроӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон омӯзиш баргузор намуд. Дар омӯзиш ....
Кормандони иҷтимоӣ ва аутрич дар Хатлон малакаҳои кӯмаки иҷтимоии худро ҳангоми бемории сил такмил медиҳанд 14.02.2022 17:47
3-4 ва 10-11 феврали соли 2022 дар шаҳри Бохтар Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» барои кормандони иҷтимоӣ ва аутрич дар вилояти Хатлон ду тренинг дар мавзӯъҳои «Дастгирии иҷтимоии бемории сил» ва «Сил, пешгирӣ, дарёфт, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ» баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси ....
Дар шаҳри Хуҷанд масоили ҳамкории бисёрсоҳавӣ баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳо дар соҳаи сил баррасӣ шуд 30.08.2021 13:56
26 августи соли 2021 ТҶҶ“Афиф” дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории шабакаи шарикони хидматрасонробаргузор намуд, ки дар он 25 намояндаи сохторҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, инчунин намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иштирок карданд ....
Вохӯрии корӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13.08.2021 17:49
12 августи соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, марказҳои минтақавии СПИД ва наркология, БРСММ, инчунин намояндагони ....
ТҶҶ "Афиф" баҳри баланд бардоштани малакаи кормандони тиб дар низоми ислоҳӣ омӯзишҳои хурд мегузаронад 05.08.2021 18:00
Аз 23 июнисоли 2021ТҶҶ “Афиф” барои кормандони тиббӣвағайритиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣсилсилаиомӯзишҳоихурдродармавзӯи "Пасткарданисатҳидоғгузориву табъизватаъминиҳуқуқҳоимаҳкумшудагонбароигирифтанихизматрасонииасосиитиббӣдаршароитиҳабс" баргузор менамояд. Чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии ....
Дар шаҳри Бохтар маcоили ташхиси саривақтӣ, дастрасӣ ба табобат ва кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил баррасӣ шуд 31.07.2021 11:44
Дар шаҳри Бохтар маcоили ташхиси саривақтӣ, дастрасӣ ба табобат ва кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил баррасӣ шуд 29 июли соли 2021 дар шаҳри Бохтар дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) вохӯрии кории шабакаи шарикони хидматрасон баргузор гардид, ки дар он 25 ....
ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро баҳри беҳтар намудани дастрасии маҳкумшудагон ба хизматрасониҳои тиббӣ ифтитоҳ бахшид 15.06.2021 17:51
ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро баҳри беҳтар намудани дастрасии маҳкумшудагон ба хизматрасониҳои тиббӣ ифтитоҳ бахшид 11 майи соли 2021, ТҶҶ “Афиф” лоиҳаи нави «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон»-ро оғоз намуд, ки аз ҷониби Шӯъбаи ....
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил таҷлил шуд 29.04.2021 17:43
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил таҷлил шуд 27 апрели соли 2021 дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахҳида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳои беҳдоштию маърифатӣ баргузор гардиданд. ....
Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор мекунад 02.04.2021 17:38
Лоиҳаи USAID оидбабарҳамдоданибемориисилдарОсиёиМарказӣбахшидабаРӯзиумумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор мекунад Аз 29 март то 9 апрели соли 2021 Лоиҳаи USAID оидбабарҳамдоданибемориисилдарОсиёиМарказӣдар якҷоягӣ бо марказҳои сил дар ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон ва Суғд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ баргузор менамояд. Чорабиниҳо бо мақсади баланд ....
ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва сил дар байни гурӯҳҳои калидии аҳолӣ оғоз кард 17.03.2021 09:49
ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва сил дар байни гурӯҳҳои калидии аҳолӣ оғоз кард 1 марти соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ба амалигардонии лоиҳаи нави «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории ....
Машғулияти омӯзишии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил ва сили ба дорувор устувор” 03.02.2021 15:26
Машғулияти омӯзишии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил ва сили ба дорувор устувор” 3 феврали соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ машғулияти омӯзишии серӯза дар ....
Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор намуд 02.02.2021 12:54
Лоиҳаи USAIDоид ба барҳам доданибемории сил дар Осиёи Марказӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чорабиниҳоииттилоотӣ баргузор намуд Аз 1 то 31 январи соли 2021 Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Миёна дар ҳамкорӣ бо марказҳои ноҳиявии сил, барои 280 муҳоҷир ва наздикони беморони сил дар ноҳияҳои ....
ТҶҶ "Афиф" - "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон" 23.12.2020 13:42
ТҶҶ "Афиф" - "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон" Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" барандаи ҷоизаи "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон" дар номинаи "Ташаббус / лоиҳаи беҳтарин, ки ба барқароршавии иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии баргашта равона шудааст" гардид. Озмун ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, ки ҳамасола дар ҷаҳон 18 декабр таҷлил мешавад, аз ....
Чорабиниҳои ТҶҶ “Афиф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО 01.12.2020 16:51
Чорабиниҳои ТҶҶ “Афиф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО Аз 1 то 30 ноябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, инчунин ноҳияҳои Кӯшониён, ....
Дар Бохтар масоили пешгирии паҳншавии ВНМО байни истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ баррасӣ гардид 24.11.2020 17:05
Дар Бохтар масоили пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ баррасӣ гардид 20 ноябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар вохӯрии кории шабакаи шарикон оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлонро баргузор намуд. Дар вохӯрӣ ....

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.