Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Машғулияти омӯзишии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил ва сили ба дорувор устувор”

Logo USAID Tajik

Машғулияти омӯзишии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил ва сили ба дорувор устувор”

 

3 феврали соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ машғулияти омӯзишии серӯза дар мавзӯи "Кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил ва сили ба дорувор устувор" оғоз гардид.

Дар чорабинӣ кормандони аутрич ва ҳамоҳангсозон, ки бо дарёфти бармаҳал, пайравӣ ба табобат ва дастгирии иҷтимоии беморони сил  ва сили ба дорувор устувор дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд машғуланд, иштирок мекунанд. Ҳадафи тренинг омӯзонидани иштирокчиён оид ба равишҳои асосии дастгирии иҷтимоии беморони сил ва сили ДУ мебошад.

Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани табобати бемории сил ва бемории сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.

TBClientmgTBClientmg1




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.