Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом сарам чарх мезанад гушом хуваз задос дилам айни кардос сарам азоб метияд чикор кунам?

Салом мизоҷи мӯҳтарам.

Бояд пеш аз ҳама сабабашро фаҳмед. Чанд вақт шуд, ки ҳолататон чунин аст? Оё шумо ҳомиладоред? Ё камхунӣ доред?  Синну солатон. Иштиҳоятон чӣ хел? Кай охирон маротиба таҳлилҳои лабораториро супоридед, ба монанди таҳлили умумии хун, таҳлили умумии пешоб, таҳлили биохимиявии хун ва ҳоказо... Пас аз ин метавонед ба духтури оилавии маркази саломатиатон (поликлиника) муроҷиат кунед. Аввал табиби оилавӣ ҳамаи анамнезро ҷамъоварӣ карда муайян месозад, ки сабаби чархзании сар, шувас задани гӯш, тапиши дил, дарди сар ва ғайра дар чӣ аст. Баъдан вай худаш агар лозим ояд, шуморо ба дигар мутахассисон сафарбар мекунад, ё худаш табобат мекунад. 
Пеш аз ҳама ором бошед, нисбати ҳолататон назари мусбӣ дошта бошед. Ҳамааш ба хайр, ҳатман нағз мешавед.
"Дили шод давои дард аст, Вале рӯҳи ғамгин қувватро ҷаббида мегирад".

Бо эҳтиром Ризвона.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2025 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.