Салом мӯҳтарам мизоҷ.
Бемориҳои равонӣ — мушкилоти оламгир
«Ягон сабаб набошад ҳам, таги дилам доимо сиёҳ аст».
«Вақте ман худро беҳад хурсанд ҳис мекунам, зиқ мешавам, чунки дилам гувоҳӣ медиҳад, ки баъди ин хел хурсандӣ табъам ҳатман хира мешавад».
«Ман ҳаракат мекунам, ки ғами фардоро нахӯрам, лекин баъзан яку якбора дар бораи ҳама чиз ғам хӯрдан мегирам».
Ин суханони нафароне мебошанд, ки бо бемории равонӣ мубориза мебаранд. Оё чунин ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Ё, шояд, ягон шахси наздикатон бо он рӯ ба рӯ шудааст?
Агар ҳа, дилпур бошед, ки шумо танҳо нестед. Имрӯз бисёр одамон ё худашон аз бемории равонӣ азоб мекашанд ё дӯст ва хешу таборашон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
Мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем, ки сабаби бемориҳои гуногуни равонӣ мешаванд ва ин ба саломатии рӯҳиву равонии одам бетаъсир намемонад. Мувофиқи як тадқиқот дар тамоми ҷаҳон аз байни ҳашт нафар тахминан як нафар ба ин ё он намуди бемории равонӣ гирифтор аст. Соли 2020 дар натиҷаи вабои оламгири COVID-19 шумораи касоне, ки аз ҳисси хавотирӣ азоб мекашанд, тахминан 26 фоиз зиёд шуд ва шумораи касоне, ки ба бемории депрессия гирифторанд, 28 фоиз афзуд. Албатта, донистани он ки чӣ қадар одамон аз ҳисси хавотирӣ ва депрессия азоб мекашанд, муҳим аст. Вале фаҳмидани ҳиссиёти худ ва наздиконамон аз ин ҳам муҳимтар мебошад.
Саломатии равонӣ чист?
Одаме, ки аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ солиму бардам аст, корҳои ҳаррӯзаро бо майлу хоҳиши зиёд иҷро менамояд. Ӯ аз уҳдаи вазифаҳои ҳаррӯзааш хуб мебарояд, ба ҳар гуна фишор тоб меорад ва аз ҳаёт хурсандӣ мегирад.
Бемории равонӣ натиҷаи сустиҳои шахс нест. Ин бемориест, ки одамро парешонҳол месозад ва ба тарзи фикрронӣ, рафтор ва ҳолати равонияш таъсири манфӣ мерасонад. Бисёр вақт ба шахс халал мерасонад, ки бо одамони гирду атроф муносибати нағз дошта бошад ва ҳаёти муқаррариро ба сар барад. Метавонад дар ҳар инсон, новобаста ба синну сол, маданият, миллату нажод, дин, маълумотнокӣ ва сатҳи даромад пайдо шавад.
Кумак ба касоне, ки бемории равонӣ доранд
Баъзан феълу атвори шахс ногаҳон дигар шуда метавонад. Ӯ аз ҳад бисёр хоб меравад ё бехобӣ мекашад, аз пештара бисёртар ё камтар хӯрок мехӯрад ва ё ташвишу хавотирӣ ҳис карда рӯҳафтода мешавад. Агар шумо дар худ ва наздикатон чунин нишонаҳоро пай баред, ба духтур муроҷиат кунед, то ки ӯ сабаби ин дигаргуниҳоро фаҳмида, муолиҷа кунад.
Хирадмандтарин марде гуфта буд: «На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд». Табобати тиббӣ ва доруҳои лозима барои камтар кардани нишонаҳои беморӣ ва аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан ёрдам мекунанд. Агар нишонаҳои беморӣ ҷиддӣ ва тӯлонӣ бошанд, аз рӯйи хирад мебуд, ки чунин нафарон табобатро ба қафо напартоянд.
Барои бартараф намудани асабоният чӣ бояд кард:
Машғулияти дӯстдоштаи худро пайдо кунед. Чунки шуғли дӯстдошта барои стресси дар давоми рӯз ҷамъшуда ва аз фикрҳои васвосӣ халос шудан кӯмак мекунад. Хусусан, агар сабаби асосии асабонияти шумо кор бошад.
Машқҳои нафаскашӣ кунед.
Бояд чуқур нафас кашед, нафасро каме дар худ нигоҳ дошта, баъдан онро бароред. Ин машқро 3-5 дақиқа иҷро кунед. Чунин машқ барои аз фикрҳои нолозим халос шудан, кӯмак мекунад. Ба таври навбатӣ гурӯҳҳои гуногуни мушакҳои баданро таранг кунед ва сипас мулоиму ором кунед: аз рӯй то ангуштони пой. Ин машқ барои зуд ором шудан ва бартарафкунии стресс кӯмак мекунад.
Мулоҳиза кунед.
Дар як тадқиқот, пас аз як сессияи 8-ҳафтаинаи медитатсия, ҳамшираҳои шафқат 40% коҳиши ҳоли стресси кориро ҳис карданд.
Бо касе сӯҳбат кунед.
Хусусан, бо шахсони аз як чизи шабеҳ гузашта бошанд, асабонии шуморо коҳиш
медиҳанд ва шумо худро беҳтар ҳис мекунед.
Фикрҳои худро нависед.
Вақте ки шумо гап зада наметавонед, фикрҳои ғамгинро ба коғаз гузаронед - ин барои ором шудан кӯмак мекунад.
Бо варзиш машғул шавед ва дар табиат бештар вақт гузаронед.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки машқ ва сайругашт дар табиат стрессро то андозае бартараф мекунад ва асабҳоро ором мекунад. Инро мунтазам, ҳадди аққал 2-3 маротиба дар як ҳафта анҷом диҳед.
Дар бораи саломатии равониатон ғамхорӣ кунед. Ҳиссиёти манфӣ хурсандии моро гум мекунад. Аз ин сабаб, мо бояд дили рамзиамонро ҳимоя кунем.
Барои ҳамин бояд:
Хӯроки серғизо хӯред
Пайваста бо варзиш машғул шавед
Аз хоб сер кунед
Мунтазам чизҳои хубро омӯзиши шахсӣ гуза́ронед
Фикру эҳсосоти худро ошкоро рӯи қоғаз нависед ва ё ба шахси бовариноку дилпуратон гӯед.
Бо эҳтиром, Ризвона.