Дар байни бисёр масъалаҳои муосири тандурустӣ сирояти ВНМО ҷои махсусро ишғол менамояд. Сабабҳои он паҳн шудани сироят дар қисми зиёди аҳолии мамлакат, оқибатҳои вазбини иҷтимоию иқтисодии эпидемия, табобати қиматбаҳо ва то ин дам набудани воситаҳои махсуси пешгирикунанда мебошанд.
Эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон давраи якуми инкишофро бартараф намуда, ба давраи ҷамъшаванда бо хатари зиёди паҳншавӣгузашт. Миқдори шахсоне, ки бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дида мешаванд ва 300 нафарро дар 100 ҳазор аҳолӣдар минтақаҳои муайян ташкил медиҳанд.
Дар ҷумҳурӣ якчанд омилҳо, ки ба инкишофи эпидемияи ВНМО/БПНМ мусоидат мекунанд, ба монанди камбизоатӣ, бекорӣ, афзоиши миқдори истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ ва шахсоне, ки хизмати шаҳвонӣ мерасонанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аз ҳама муҳимаш – сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣоиди роҳҳои сироят ва усулҳои пешгирии сирояти ВНМО, мавҷуд буданд.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои нави сирояти ВНМО дар натиҷаи афзоиши сироят бо роҳи алоҷаи чинсӣ "алоқаи ҷинсии беҳимоя" ва пастшавии интиқоли ВНМО бо роҳи тазриқӣ мушоҳида мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон на танҳо ба гурӯҳҳое, ки хатари баланди сироят доранд, балки ба гурӯҳҳои васеъи аҳолӣ таъсир расонида истодааст. Дар айни замон Тоҷикистон, дар асоси омори расмӣ, ба кишварҳое, ки сатҳи пасти паҳншавии сиротяи ВНМО доранд, дохил мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо барои мубориза ва пешгирии ВНМО/БПНМ қабул шуданд. 25 феврали соли 2017 бо Қарори Ҳукумати ҶТ "Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020", ки ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2013-2020 инъикос менамояд, қабул шуд ва 30 майи соли 2017 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим меоварад ва ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона шудааст, қабул гардид.