Вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мекунанд. Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла — суръати суст ва нобаробари инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва гайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбати як силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.
Мархилаи охирини сирояти ВНМО ин Бемории Пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) мебошад, ки метавонад бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф ёбад. Барои БПНМ инкишофи баъзе намудҳои бемории саратон, сироятҳо ва ё дигар аломатҳои вазнини клиникӣ хос аст.
ВНМО соли 1983 дар ду лабораторияи аз ҳамдигар новобаста кашф гардида шудааст:- дар Институти Пастер дар Фаронса таҳти роҳбарии Люк Монтанье.
- дар Институти миллии бемории саратон дар ИМА таҳти роҳбарии Роберт Галло.
Натиҷаҳои таҳқиқот, ки тавассути он аз бофтаҳои беморон ҷудо кардани ретровируси нав муяссар гардид, санаи 20-уми майи соли 1983 дар маҷаллаи Science рӯйи чоп омад. Дар ин мақолаҳо дар бораи ошкор намудани вируси нав, ки ба гурӯҳи HTLV вирусҳо таалуқ дорад, иттило дода шуд.
Тадқиқотчиён пешниҳод намуданд, ки вирусҳои аз ҷониби онҳо ҷудошуда метавонанд боиси гирифтори БПНМ гарданд. Дар соли 1986 маълум гардид, ки вирусҳои аз ҷониби муҳаққиқони фаронсавӣ ва амрикоӣ дар соли 1983 кашфнамуда комилан ба ҳам мутобиқанд. Нахустноми вирусҳо бекор карда шуда, як номи умумӣ — ВНМО пешниҳод карда шуд.
Роҳҳои интиқол
ВНМО интиқол меёбад: тавассути хун ва дигар моеъхои организм: нутфа, тарашшӯҳи маҳбал, сафро (мавриди алоқаҳои ҷинсии ҳифзнашудаи хелҳои гуногун, гузаронидани хуни сироятшуда, тавассути сӯзандоруҳои тамизнашуда аз модар ба навзод ҳангоми тавааллуд, ҳангоми истифодабарии асбобҳои тиббии тамизнашуда ва мавҷудияти ҷароҳат дар пардаҳои луобии пизишк ва ё бемор), шири пистон (ҳангоми ширмакконӣ).
ВНМО интиқол намеёбад: тавассути оби даҳон ва арақи бадан; бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра: оғушгирӣ, сӯҳбат, сурлфа/атсазанӣ; тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот; тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ; ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ/душ/ҳаммом/ошхона, ҳангоми истифодабари аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва бахбариаз хурокхурии якҷоя.
Дар Тоҷикистон то соли 2008 яке аз роҳҳои паҳнгардидаи интиқолёбии вирус ин сӯзандору буд, тавассути асбобу олотҳои тамизнашудаи истифодабарандагони маводҳои нашъаовар. Айни замон афзоиши интиқоли вирус бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, тавассути алоқаҳои ҳифзнашудаи шаҳватӣ мушоҳида шудааст.
Рамзи ҳаракати глобалӣ бар зидди паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ин - Тасмаи сурх мебошад