Салом мизоҷи мӯҳтарам.
Чӣ тавр дар оила меҳру муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст.
Бо гузашти солҳо баъзе ҳамсарон ба якдигар камтар муҳаббат зоҳир мекунанд. Агар дар оилаи шумо низ чунин бошад, оё ин бояд шуморо ба ташвиш орад?
Шумо бояд чиро донед
Барои нигоҳ доштани пайвандҳои издивоҷ муҳаббат зарур аст. Чи хеле ки барои бардаму солим будани ҷисм хӯрок ва об муҳим аст, барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила низ муҳаббат зарур мебошад.
Муҳаббати ҳақиқӣ фоидаи худро намеҷӯяд. Он дар пайи беҳбудии каси дигар аст. Яъне ҳамсари бохирад танҳо вақте ки муҳаббати ӯ ба ёдаш расад, ба ҳамсараш онро зоҳир намекунад. Баръакс, вақте ӯ мебинад, ки ҳамсафари ҳаёташ ба муҳаббат ниёз дорад, кӯшиш мекунад, ки эҳтиёҷоти ӯро қонеъ гардонад.
Одатан занон назар ба шавҳарон бисёртар ниёз доранд, ки ба онҳо муҳаббат нишон диҳанд. Шояд шавҳар занашро хеле дӯст медорад, аммо агар ӯ муҳаббаташро танҳо дар аввалу охири рӯз ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ изҳор намояд, зан метавонад ба муҳаббати шавҳараш шубҳа пайдо кунад. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, агар шавҳар муҳаббаташро дар давоми рӯз мунтазам нишон диҳад.
Шумо чӣ кор карда метавонед
Муҳаббататонро баён кунед. Суханони ширин, ба монанди «Ман туро дӯст медорам», «Ту барои ман азиз ҳастӣ» ба ҳамсафари ҳаётатон болу пар мебахшад.
Чӣ хеле ки мегӯянд: «Дар дили одам чизе, ки бошад, ба забон ҳамон меояд».
Суханони меҳрубононаро на танҳо гӯед, балки онҳоро дар номаҳо ва паёмҳои электронӣ низ нависед.
Муҳаббататонро дар амал нишон диҳед. Вақте шумо ҳамсари худро ба оғӯш мегиред, бӯса мекунед ё дасташро медоред, нишон медиҳед, ки «Ман туро дӯст медорам» гуфтани шумо суханони хушку холӣ нестанд. Муҳабати худро ҳамчунин бо ламс кардан, нигоҳи пурмеҳр ё тӯҳфаи ногаҳонӣ нишон дода метавонед. Агар ба занатон кӯмак карда, сумкаашро бардоред, барояш дарро кушоед, косаю табақро шӯед, ҷомашӯйӣ кунед ё хӯрок пазед, шумо на танҳо ёрдам мекунед, балки муҳаббататонро дар амал нишон медиҳед.
Принсипе ҳаст: «Мо бояд якдигарро на танҳо дар сухан ва дар забон, балки дар амал... дӯст дорем».
Маслиҳат: Бо ҳамсаратон тавре муносибат кунед, ки ҳангоми шинос шуданатон мекардед.
Барои якдигар вақт ҷудо кунед. Ба якдигар вақт ҷудо карда шумо пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мекунед ва нишон медиҳед, ки муошират бо ҳамсаратон барои шумо хурсандибахш аст. Албатта, агар фарзанддор ё серкор бошед, барои бо ҳамсаратон дар танҳоӣ муошират кардан вақт ҷудо намудан душвор буда метавонад. Дар ин маврид шояд шумо метавонед, ақаллан бо ҳамдигар сайругашт кунед.
Баъзе ҳамсарон нигоҳ накарда ба серкориашон барои дар танҳоӣ вақт гузарондан мунтазам бегоҳиҳо ё рӯзҳои истироҳатро ҷудо мекунанд.
Ниёзи ҳамсаратонро фаҳмед. Ҳар як одам ҳиссиёт ва талаботи худро дорад. Барои ҳамин бо ҳамсаратон гап зада муҳокима кунед, ки дар зоҳир кардани муҳаббат аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонед. Сипас кӯшиш намоед, ки ниёзи ҳамсаратонро қонеъ намоед. Фаромӯш накунед, ки нишон додани меҳру муҳаббат барои мустаҳкам шудани издивоҷ хеле муҳим аст.
Ба ҷойи талаб кардани меҳру муҳаббат ба худ савол диҳед: «Ман чӣ кор карда метавонам, то ҳамсарам маро бештар дӯст дорад?»
Як ҳамсар чунин фикрашро баён кард: «Бо гузашти вақт ман ёд гирифтам, ки фақат дар бораи хоҳишу ниёзҳои худ фикр накунам. Ба ҷойи ин ман бештар миннатдор буданамро барои корҳое, ки шавҳарам нисбати оилаамон мекард, нишон додан гирифтам ва пай бурдам, ки ҳар қадаре ки ман меҳру муҳаббатро нисбати шавҳарам нишон диҳам, ӯ ҳамон қадар бештар маро дӯст медорад».
Зани дигаре мегӯяд: «Мо кӯшиш мекунем, ки хоҳишҳои якдигарро фаромӯш накунем. Масалан, вақте ба шавҳарам барои корҳои кардааш раҳмат мегӯям, ин ба ӯ маъқул аст. Ҳамин тавр шавҳарам мефаҳмад, ки ман нисбати ӯ бепарво нестам. Ба ман бошад, маъқул аст, вақте ки ӯ дар бораи ҳиссиётам мепурсад. Он гоҳ ман ҳис мекунам, ки ӯ маро дӯст медорад».
Маслиҳатҳо барои хушбахт шудани оила
Оиладорӣ ва фарзандон туҳфаи қиматбаҳои Офаридгоранд. Ӯ мехоҳад, ки ҳаёти оилавии мо хушбахт бошад. Ба маслиҳатҳои бохирадонае, ки дар поён оварда шудаанд, аҳамият диҳед.
Шавҳарон, зани худро дӯст доред
«Шавҳарон... бояд занони худро мисли тани худ дӯст доранд. Марде, ки зани худро дӯст медорад, худро дӯст медорад, чунки ҳаргиз касе тани худро бад намебинад, балки онро мехӯронад ва азиз медорад».
Шавҳар сардори оила аст. Вале шавҳари хуб дағал ё сахтгиру серталаб нест. Ӯ занашро қадр мекунад ва дар бораи ниёзҳои моддӣ ва равониаш ғамхорӣ мекунад. Шавҳар ҳамчунин ҳаракат мекунад, ки занаш хурсанд бошад ва ҳамеша гапи худро намегузаронад. Вай бо занаш дар бораи фикру ҳиссиёташ кушоду равшан гап мезанад ва суханони ҳамсарашро бодиққат гӯш мекунад. Шавҳари хуб ҳеҷ гоҳ ғазабашро ба сари занаш намерезад ва ӯро намезанад ё суханони пасту баланд намегӯяд.
Занон, шавҳари худро эҳтиром кунед
Зан бояд ба шавҳари худ эҳтироми зиёд дошта бошад.
Вақте зан шавҳари худро ҳурмату эҳтиром карда қарорҳои ӯро дастгирӣ мекунад, дар оила тинҷию оромӣ зиёдтар мешавад. Агар шавҳар ягон хато кунад, зан ӯро паст намезанад, балки оромона ва бо эҳтиром муносибат мекунад. Вақте зан дар бораи ягон душворӣ гап заданӣ мешавад, ӯ вазъиятро дар лаҳзаи мувофиқ ва бо эҳтиром ба шавҳараш мефаҳмонад.
Ба ҳамсаратон вафодор бошед
Мард... бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд.
Вақте марду зан оиладор мешаванд, онҳо муносибати наздик пайдо мекунанд. Барои пайванди издивоҷро мустаҳкам нигоҳ доштан ҳамсарон бояд самимона тез-тез бо ҳам муошират намоянд ва бо корҳои форами худ, ҳатто хурд бошанд ҳам, якдигарро хурсанд кунанд. Онҳо бояд ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд, зеро хиёнат мисли зарби шамшер аст. Агар яке аз онҳо ба ин кор даст занад, аз боварии ҳамсари худ мебарояд ва оилааш вайрон шуда метавонад.
Марде ақидаи худро баён менамояд: «Ман шавҳари хубтар шудам. Ман аз сабаби тарбияи худ нисбати занам серталаб будам. Лекин баъдтар фаҳмидам, ки чун сардори оила ман набояд худбину сахтгир бошам, балки ба гапи занам гӯш диҳам. Чунки ману занам дар чашми Худо як танем ва ман бояд ӯро мисли тани худам азиз дорам. Ба шарофати ин маслиҳати бохирадона ман ҳоло шавҳари хубтар шудам ва дар издивоҷ хушбахтам».
Бо эҳтиром, Ризвона.