Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

БО МО ШИНОС ШАВЕД!

Дафтари асосӣ

Ибрагимов Икрам

Директори ТҶҶ "Афиф"

 

Шиори ӯ дар зиндагӣ ва кор: "Ҳеҷ коре накун, ки боиси сархамӣ гардад, худро эҳтиром намо"  

Дорои тамоми сифатҳое мебошад, ки ба роҳбари хуб лозим аст. Сарварӣ дар ниҳоди ӯст. Аз хурдӣ дар байни ҳамсолон ва дӯстони худ пешво буд. Зирак ва оқил, ҳазли нозук дорад. Одилу обрӯманд, меҳрубон ва дар айни замон хеле сахтгир аст. Аз кормандон интизоми қатъӣ ва риояи бечунучарои  ӯҳдадории вазифавиашонро талаб мекунад.  Ҳамеша кормандонро ба пешравӣ ва рушд талқин месозад.

Агар вазъияти душвор ба миён ояд, аз рӯи мақоли: "Ҳафт бор чен кун, як бор бур" амал мекунад. Вазъро пурра таҳлил намуда баъд ба як қарор меояд. Барои расидан ба мақсади пешгузошта мекӯшад ва барои ин тамоми иқтидори худро истифода мебарад.

Барои Икром ҳайати кормандони ТҶҶ “Афиф” оилаи ӯст, оила бошад, давлату сарвати ӯст. Дар инсонҳо ростқавлӣ, одоб ва хоксориро қадр мекунад, аммо бемасъулиятӣ, дурӯғ, ҳасад ва кунҷковии носолими дигаронро таҳаммул карда наметавонад.

Икром футболбози хуб аст, зеро ин шуғли дӯстдоштаи ӯст.

Арзишҳои ҳаётӣ барои ӯ муҳаббат, рушд ва худшиносӣ  аст. Мисли ҳамаи одамони рӯи замин хушбахт будан мехоҳад. Хушбахтӣ барои ӯ аз зиндагӣ комёб будан аст.

Хаирова Жанна

Менеҷери молиявӣ


Дар дасти Жанна стратегияи молиявии ташкилот, муттаҳидсозии буҷаҳои нақшавӣ, идоракунии ҷараёни маблағҳо ва ташкили буҷаҳо мебошад. Ӯ ҳамаи маълумотро оиди асоснокии хароҷотҳои нақшавӣ дошта, бевосита ташаккул ва иҷрои нақшаҳои молиявиро назорат мекунад. Фаъолияти ӯ диққаткорӣ ва вазифашиносиро талаб мекунад, ва ин хислатҳо, дар фаъолияти молиявии ҳамаи рутбаҳо афзалиятнок бояд бошанд, меҳисобад Жанна. Ӯ онҳоро дорад.

Жанна Афифро, ки ҳамеша бо одамони зебо пур аст, хонаи худ меҳисобад. Ӯ бо ҳамкасбон муомилаи боваринок ва ҳамдигарфаҳмӣ дорад. Жанна модари се духтари зебо мебошад. Жанна шиноварӣ ва пиёдагардиро дӯст медорад.

Алмухамедова Олга

Менеҷери идоравӣ


Шахси бо диққат дар кор буда, ҳама хислатҳои заруриро барои идораи офис дорад. Ольга ҳам котиб, ҳам мудири хоҷагӣ ва ҳам маъмур дар як шахс мебошад. Супоришҳои роҳбариятро бо масъулият ва ӯҳдадориҳои худро ба таври аъло иҷро менамояд.
Хеле хушҳол ва дорои шӯхтабъӣ буда, метавонад ҳолати ҷиддиро бартараф намояд, агар чунин ҳолат ба вуҷуд ояд. Дар ҳолатҳои душвор ҳамеша тамкинӣ ва эҳсосҳои мусбиро нигоҳ медорад.

Ольга ду писарро ба воя расонида, ба онҳо тавонист ҳисси эҳтироми калонсолро тарбия намояд. Ӯ филмҳои илмию оммафҳам ва аҷоибро дӯст дорад.

Орипова Саодат 

Менеҷери лоиҳаҳо


Аз рӯи ихтисос Саодат табиби сироятшинос мебошад ва дар ин соҳа таҷрибаи калон дорад. Меҳрубонӣ дар хислат ва фаъолияташ бо бодиққатӣ, раҳмдилӣ ва дасти ёрӣ дароз намудан ба шахсоне, ки дар ҳолати душвор ҳастанд, ҳиссиёт карда мешавад.

Рӯзи беҳтаринро дар ҳаёти худ он рӯзеро ҳисоб менамояд, ки вақте ки бо ҳамсари ояндааш вомехӯрад, ки бо ӯ се духтари зеборо тарбия намудааст. Ӯ ба хондан шавқи зиёд дошта, дар шаҳр пиёдагардиро дӯст медорад.

 Tahmina

Убайдуллоева Taҳмина 

Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа/мутахассиси лоиҳа

Шиори  ӯ: " Имрӯз бизӣ, бо умед ба оянда ва сабақ аз гузашта"

Таҳмина хоксор ва меҳрубон аст. Ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва супоришҳои роҳбариятро бо масъулияти том иҷро мекунад. Кори худро дӯст медорад. Омӯзиши чизҳои нав барои ӯ ҳамеша ҷолиб аст.

Ӯ ҳассос аст ва бо ин хислаташ аз дигарон фарқ дорад. Ҳамаи хислатҳои неки инсониро дар дигарон қадр мекунад, аммо дурӯягӣ ва дағалиро таҳаммул намесозад.

Ҳамроҳи шавҳараш ду писари дугоникро ба воя мерасонад.Фарзандонаш барои ӯ маънии зиндагиянд.

Агар вақти холӣ ёбад, ҳикояҳо ва афсонаҳо эҷод мекунад, инчунин бо тарҷумаи осори адабӣ аз забонҳои русӣ ва англисӣ ба тоҷикӣ машғул мешавад.

Орзу дорад, ки ҳама одамон дар дунё дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд.

farrukh копия 1

Сайфуллоев Фаррух

 

Ронанда/логист

        Шиори ӯ: "Аз дигарон ягон чиз нагир аммо аз худат чизе додан даркор нест"

Одатан дар бораи одамоне, ки ба ӯ монанданд, мегӯянд: шахси мусбӣ, хушмуомила, мақсаднок ва дилсӯз. Корашро дӯст медорад. У коллективи РОО «Афиф»-ро бехтарин ва хеле дустона мешуморад, ки ба у бисьёр чизхои хубу муфидро ёд дода метавонад. Шахси ростқавл буданаш, ӯ инчунин ба дигарон ростқавлиро қадр мекунад. Ба ақидаи ӯ, риёкорӣ ва ҳасад бадтарин хислатҳои инсон аст.

Барои ӯ оила арзишмандтарин чиз дар зиндагӣ аст. Бо зану писар, духтарони дилрабо, инчунин бо падару модараш, ки боли зиндагиаш мебошанд, хушбахтона умр ба cap мебарад. Муҳаббат ва дастгирии оила барои ӯ хушбахтии бузург аст.

Футбол дар зиндагии Фаррух маҳфили аслии маҳфил аст, ки дар вақтҳои холии худ ба он машғул аст.

Фаррух орзу мекунад, ки кӯдакони ҷаҳон дар ғамхорӣ ва муҳаббат зиндаги хоҳад кард.

imgonline-com-ua-Resize-Jo2hfbyqVz7bRuW

Аҳмадҷонов Рустам

 Мутахассис оид ба молия

     

       Шиори ӯ: "Дар ҳама гуна вазъият инсон будан"

Рустам шаҳси одилона, бо эътимод, хоксор ва ҷасур мебошад. Ӯ ифтихор мекунад, ки дар ТҶҶ "Афиф" байни кормандони баланд ихтисос дар коллективи дӯстона фаъолият мекунад. Ӯ дар ҳар гуна ҳолати мушкил қарори дуруст пайдо менамояд. Сарфи назар аз он ки, вазифаи мазкур барои ӯ нав мебошад, Рустам барои баланд бардоштани малакаи худ фаоълият мекунад.

Дар шаҳс одамгарӣ, ростқавлӣ, садоқатмандӣро қадр менамояд. Хусусиятҳои манфии рафтори одамон ғазаб, ҳасад, тамаъ, тарсончакро ҳисоб мекунад. Ӯ ойладор аст ва ифтохор мекунад, ки оилаи ҷавонаш мустаҳкам аст, дар он фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамҳонагӣ ва дастгирӣ вуҷуд дорад. Вай тарзи ҳаёти фаъолро пеш мебарад, ки дар он ҷо барои варзиш ва сафар ҷои махсус вуҷуд дорад.

Ба фаҳмиши ӯ хушбахтӣ ҳолати рӯҳӣ аст, ки ба некӯаҳволии моддӣ ва мавқеъ дар ҷомеа вобаста нест. Ин ҳолатест, ки дар он шахс танҳо хушбахт аст. Орзуи боздид аз сайёраи дигар ва дидани тамаддуни нав. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мирсаидов Тимур

Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа/мутахассиси лоиҳа

 

 Шиори ӯ: "Ҳамеша ва дар ҳама ҷо хоҳад хуб буд"

Тимур пурмасъул аст, ва аз болои худ кор карда барои расидан ба мақсади худ доимо дар ҷустуҷӯӣ мебошад. Омухтан, шинос шудан оиди фаьолияти худ ва берун аз он дар маҷмӯъ дар иқтисодиёт, соҳаҳои ичтимоӣ ва фарҳанг на танҳо дар ҷомеаи мо, инчунин дар дигар кишварҳои дунё машғулияти ӯ аст.  

Ба коллективи ТҶҶ «Афиф» Тимур ба наздикӣ қабул гардид, ва ҳамкоронро чун ягонаи меҳисобад. Ҳамзамон, кормандони “Афиф”, бо дарназардошти фаьолияти онҳо дар солҳои тулонӣ ва таҷрибаи калон барои Тимур ҳамчун устодон мебошанд.

Аз нуқтаи назари Тимур, аз ҳар гуна ваьзияти мураккаб ҳамеша пайдо кардани қарори дуруст имкон аст, танҳо бояд шахс бо тамкин буда иродаи қавъӣ дошта бошад. Баро ӯ аз ҳама хислатҳои муҳим барои инсоy - ин ростқавлӣ, бо тартиб будан, объективона рафтор кардан мебошад.

Оиларо чун қувваи бузург ва қалъа меҳисобад, ва тамоми  фикрҳо, нақшаҳои худ дар оила баррасӣ намуда ҳамзамон аз он маслиҳат мепурсад.

Тимур мухлиси футбол буда, бо хабар аст аз рушд ва инкишофи ин намуди варзиш. Хамчунин, бо мақсади донистани зеҳну фарҳанги кишварҳои дигар ва муошират кардан бо шахсони ҳар гуна миллат омухтани забонҳои хориҷиро дуст медорад.      

Хушбахти барои ӯ ин устувории оилаи худ аст.

Намояндагӣ дар вилояти Хатлон

Алимова Қурбонгул

Мутахассиси лоиҳа


Қурбонгул - меҳрубон, хушмуомила, ҳамеша барои фаҳмидан ва дастгирии шахс кӯшиш мекунад. Ин хислатҳои ӯ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ кӯмак мерасонанд, ки машварат ва санҷиши босифатро барои ВНМО дастрас намоянд. Қурбонгул мутахассиси соҳаи тибб буда, кори худо хеле дӯст медорад ва вазифаҳои худро аз таҳти дил ба анҷом мерасонад. Вай яке аз кормандони аввалини Намояндагӣ мебошад ва ташкилоти худро ҳамчун оилаи дуюми худ меҳисобад.

Қурбонгул ба ҳамаи фарзандон ва набераҳои худ хислатҳои хуби худро тарбия намудааст. Қурбонгул сафар карданро дӯст медорад ва орзу дорад, ки ба Италия сафар кунад, чунки барои ӯ рӯҳан мувофиқ аст.

Тешабоева Маликахон

Корманди иҷтимоӣ


Маликахон ҳисси баланди некиву адолатро дорад, ӯ шарафи шахси дигарро эҳтиром мекунад, таҳаммулпазирӣ, боэҳтиром, фаҳмидани душвориҳои инсон ва расонидани кӯмак, эҳсосоти оромона дорад. Инҳо хосиятҳое мебошанд, ки ба ӯ дар кори корманди иҷтимоӣ кӯмак мерасонанд. Малика метавонад ба ҳар як шахс, новобаста аз мақоми иҷтимоии ӯ, муносибати хуб пайдо кунад. Вай ба фарзандон ва набераҳояш садоқатмандӣ ва таҳаммулпазириро тарбия медиҳад. Дар вақти холӣ Малика дӯст медорад, ки сабзавот ва меваҳоро дар якчанд намудҳо барои зимистон тайёр намояд.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2023 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.