Ҳангоми хепатитҳои вирусӣ аз рӯи дараҷаи зоҳирёбии аломатҳои беморӣ шаклҳои зеринро фарқ мекунанд: зардшави, бидуни зардчатобӣ, ноаён, беаломат. Шаклҳои зардшави ба давраҳои зерин ҷудо карда мешаванд: то зардшавӣ, зардшавӣ ва шифоёбӣ.
Гепатити А. Давраи ноаёнӣ ба ҳисоби миёна аз 15 то 30 рӯзро дар бар мегирад. Давраи то зардшавӣ одатан 5-7 рӯз давом мекунад. Беморӣ ба таври шадид сар мезанад. Ҳарорати бадан то дараҷаи 38-39 о С баланд шуда, дар давоми 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Аломатҳо ба мисли бемории зуком пайдо мешаванд – дарди сар, беҳолию бемадории умумӣ, ҳиссиёти хастагӣ, дарди мушакҳо, табларза, хоболудӣ, хоби нороҳати шабона. Дар ин замина вайроншавии кори рӯдаю меъда – пастшавии иштиҳо, фасодшавии таъм, ҳисси талхӣ дар даҳон, дилбеҷошавӣ, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнин ва нороҳатӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға ва меҳроби дил, нафрат ба тамоку пайдо мешавад. Пас аз 2-4 рӯз тағйирёбии ранги пешоб мушоҳида карда мешавад. Он ранги оби ҷав ва ё чойи дамкардаи ғализро мегирад. Сипас берангшавии наҷосат ба назар мерасад. Зардшавии пардаи чашм пайдо шуда, дар бораи гузариш ба давраи зардшавии беморӣ дарак медиҳад. Давраи зардшавӣ 7-15 рӯз давом мекунад. Дар навбати аввал пардаи луобии даҳон (лаҷомаки забон, ком) ва пардаи луобии чашм ва баъд пӯст ранги зардро мегирад. Бо пайдоиши задчатобӣ як қатор аломатҳои давраи то зардчатобшавӣ суст шуда, дар аксарияти беморон нопадид мешаванд, ҳамзамон бештар бемадорӣ, паст шудани иштиҳо боқӣ мемонанд.
Оқибати хепатити А одатан мусбӣ аст. Шифоёбии комили клиникӣ дар аксар ҳолатҳо (90%) дар муддати 3-4 ҳафта аз вақти саршавии беморӣ фаро мерасад. Дар 10% беморон шифоёбӣ то 3-4 моҳ тӯл кашида, лекин хепатити музмин инкишоф намеёбад.
Хепатити Е. Беморӣ мисли хепатити А ҷараён мегирад. Дар занони ҳомиладор бошад ҷараёни вазнин бо оқибати марговар 10-20% мушоҳида карда мешавад.
Хепатити В. Давомнокии давраи ноаёнӣ ба ҳисоби миёна 3-6 моҳро дар бар мегирад. Давраи то зардчатобӣ 7-12 рӯз давом мекунад. Беморӣ оҳиста-оҳиста аз беҳолӣ, бемадорӣ, зуд хасташавӣ, ҳисси хастагӣ, дарди сар, вайроншавии хоб шурӯъ мекунад. Дар 25-30% ҳолатҳо, асосан шабҳангом ва субҳидам, дар пайвандҳо дард пайдо мешавад. Дар 10% беморон хориши бадан мушоҳида мешавад. Дар аксарияти беморон вайроншавии кори меъдаю рӯда – пастшавии иштиҳо, дилбеҷошавӣ, баъзан қайкунӣ, ҳиссиёти вазнинӣ, баъзан дарди андак-андак дар паҳлӯи рости зери қабурға мушоҳида карда мешавад. Дар охири давраи то зардчатобӣ пешоб ранги баланд гирифта, одатан наҷосат беранг мешавад.
Давраи зардачатобӣ бо аломатҳои нисбатан аёни беморӣ хос мебошад. Зардпарвин ба ҳадди ақали худ рафта мерасад. Дар як қисми беморони бо ҷараёни вазнини беморӣ хунравӣ аз милки дандонҳо, аз бинӣ ба назар мерасад. Давомнокии умумии ин давра вобаста аз дараҷаи вазнинии беморӣ 1-3 ҳафтаро дар бар мегирад.
Давраи шифоёбӣ дар муқоиса бо хепатити А нисбатан дарозтар буда, 1,5-3 моҳро ташкил медиҳад. Оҳиста-оҳиста нопадид шудани аломатҳои беморӣ мушоҳида карда шуда, одатан бемадорӣ ва ҳисси нороҳатӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға муддати дуру дароз боқӣ мемонад. Шифоёбии пурра дар 70% ҳолатҳо мушоҳида карда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар аз беморӣ баъзе асарҳо боқӣ мемонанд, ба мисли васеъшавии ҷигар дар ҳолати ҷой надоштани шикоятҳо ва аз меъёр дуршавӣ дар хун. Ба ғайр аз ин, осебёбии роҳҳои талхарон ва ё ғадуди зери меъда, ки бо пайдоиши дард дар паҳлӯи рости зери қабурға ва меҳроби дил пас аз истеъмоли хӯрок мушоҳида карда мешавад.
Хепатити С. Давраи ноаёнӣ тақрибан 2-3 моҳ давом мекунад. Беморӣ дар аксар ҳолатҳо (то 90%) бидуни аломатҳои саҳеҳу равшан сар зада, муддати дуру дароз ташхиснопазир боқӣ мемонад.
Аломатҳои беморӣ аз бадшавии вазъи саломатӣ, заифшавӣ, камқувватӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо иборат мебошад. Аломати зардачатобӣ ниҳоят суст зоҳир мешавад. Андаке зардшавии пардаи чашм, каме зардчатоб шудани пӯст, баландшавии кӯтоҳмуддати ранги пешоб ва берангшавии наҷосат ба назар мерасад. Шифоёбӣ ҳангоми хепатити шадиди С бештар мавриди навъи зардчатоби беморӣ ба вуҷуд меояд.
Дар қисми зиёди беморони боқимонда (80-85%) паҳнкунандаи музмини вируси хепатити С инкишоф меёбад. Аксарияти шахсони сироятшуда худро солим меҳисобанд. Дар қисми камтари сироятшудагон ҳар сари вақт шикоятҳо ба пастшавии қобилияти корӣ мушоҳида карда шуда, андаке васеъшавии ҷигар ва тағйирёбии биохимявӣ дар хун муайян карда мешаванд.
Аз нав сар задани беморӣ бо мурури 15-20 сол дар шакли хепатити музмин ба вуҷуд меояд. Беморонро зуд хасташавӣ, пастравии қобилияти корӣ, вайроншавии хоб, ҳисси вазнинӣ дар паҳлӯи рости қабурға, пастравии иштиҳо, лоғаршавии бадан азият медиҳад. Дар 20-40% беморони хепатити музмини С сиррози ҷигар инкишоф меёбад, ки тӯли солҳои зиёд ташхиснозаир боқӣ мемонад. Давраи ниҳоии беморӣ, хусусан мавриди сиррози ҷигар метавонад саратони ҷигар бошад.
Ташхис
Пайдо шудани камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо, ҳисси дилбеҷошавӣ ҳамеша бояд сабаби муроҷиат ба табибон бошанд. Таъми талхӣ дар даҳон, ҳисси вазнинӣ дар паҳлӯи рости зери қабурға, алалхусус баландшавии ранги пешоб аз осеб ёфтани ҷигар дарак дода, фавран ба табибон муроҷиат карданро бинобар расонидани ёрии тиббӣ тақозо мекунанд. Зардпарвин сараввал дар пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон аён шуда, сипас дар пӯст зоҳир мешавад. Ташхиси хепатитҳои вирусӣ дар аломатҳои беморӣ ва нишондодҳои эпидемиологӣ, инчунин дар натиҷаҳои ташхиси махсуси лабораторӣ (дар хун пайдо кардани моддаҳои бегона нисбат ба вируси хепатити А, С, D, Е, антигенҳои вируси хепатити В ва моддаҳои бегонаи ба онҳо дахлдор) асос меёбад.