Вобаста аз доираи одамоне, ки бо онхо корхои пешгирикунанда гузаронида мешавад, пешгириро ба аввалиндарача, дуюмдарача ва сеюмдарача чудо мекунанд.
Пешгирии аввалиндарача – ин мачмуи чорабинихои эхтиёти мебошад, ки ба бас кардани истеъмоли маводхои психоактиви равона карда шудаанд. Ин намуди пешгири барои кор бо доираи одамоне, ки бо таъсири моддахои псиоактивии фаъол шинос нестанд, равона карда шудааст.
Он барои тамоми ахоли ба назар гирифта шудааст, лекин пеш аз хама барои кудакон ва наврасон. Барномахои пешгирикунандаи аввалиндарача таргиботи зидди маводи нашаъа, чалб намудан ба мехнати мувофики кувват, ташкили истирохати солим, чалбнамоии чавонон ба фаъолиятхои фоидаовари эчоди, машгул шудан бо варзиш, санъат, сайёхи ва гайраро дар бар мегиранд.
Пешгирии дуюмдарача ба гурухи хавфнок равона карда шудааст. Объекти ин намуди пешгири чавонон, наврасон ва кудакон мебошанд, ки онхо ба истеъмоли махсулоти томоку, машруботи спиртдор, маводхои нашъа ва захрдор шуруъ намуданд, инчунин шахсоне, ки дарои хавфи баланд барои огоз кардани истеъмоли маводхои психоактиви мебошанд (наврасон, ки дар беназоратии ичтимои-педагоги карор доштанд, ба иллати асаби-рухи гирифтор мебошанд, кудакон аз оилахои номусоид ва гайра).
Максади пешгирии дуюмдарача – ин муаяинкунии шахсоне, ки ба истеъмоли маводи псиактиви шуруъ намуданд ва кумак ба майзадахо, нашъамандхо ва токсикоманхо мебошад, ки он ба пешгири намудани вобастагии рухи ва чисмони дар онхо аз маводхои захролуд равона карда шудааст.
Вазифахои пешгирии сеюмдарача.