Бемории сил (туберкулез аз калимаи лотинӣ tuberculum «лӯндача» ва ё «арзана» гирифта шудааст) — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот, ки барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС) асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.
Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст.
Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд.
БС аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо карда мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст
Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи басе зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Бемории сил аз давраҳои дерина ва то ба имрӯз ҳамчун проблемаи хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст, ки барои ошкор намудан ва табобат намудани ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.