Салом мизоҷи мӯҳтарам
Аз ҳамсар ҷудо шудан - ин гӯё кори осон. Аммо биёед дар бораи дигар чиз фикр кунем. Ҳар ҳафта 25 оилаҳо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд. Чаро? Наход дигар илоҷи ҳамдигарфаҳмиро наёбем? Наход писарони дӯстрӯй яке аз волидонашонро аз даст диҳанд?
Шояд оиди бахшидан фикр кунем.
Бахшидан маънои онро дорад, ки шумо хафагиро дар дил нигоҳ намедоред ва ҳиссиёти манфии пайдошударо аз худ дур мекунед. Бахшидан маънои онро надорад, ки шумо хатои касро камаҳамият меҳисобед ё вонамуд месозед, ки гӯё ҳеҷ чиз нашудааст.
Хирадмандон фармудаанд: «Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед».
Агар шумо касеро дӯст доред, ба камбудиҳои ӯ аҳамият намедиҳед, балки ӯро чун инсоне мебинед, ки ӯ ба шуданаш ҳаракат карда истодааст.
Агар нисбати ҳамсаратон хафагиро ба дил гирифта гардед, ин ба шумо зарари ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ мерасонад. Он инчунин ба издивоҷатон осеб расонда метавонад.
Як зане чунин навишт: «Боре шавҳарам маро сахт ранҷонд, вале баъд бахшиш пурсид. Бахшидани ӯ ба ман душвор буд. Бо гузашти вақт ман ӯро бахшидам, лекин сахт пушаймонам, ки чаро инро барвақттар накардам. Агар чунин мекардам, муносибати мо тезтар хуб мешуд».
Пас чӣ бояд кард? Худро тафтиш кунед.
Агар ин дафъа шумо аз ягон сухан ё рафтори ҳамсаратон хафа шавед, ба худ савол диҳед: «Оё худи ман зудранҷ ҳастаму ҳама чиро ба дил наздик мегирам?»
«Магар ин чунон чизи ҷиддӣ ҳаст, ки кас ҳатман бояд пеши ман омада бахшиш пурсад? Оё ман кори шударо ҳамту фаромӯш карда метавонам?»
Бо ҳамсаратон якҷоя муҳокима кунед.
Барои ҳамдигарро бахшидан ба мо чӣ қадар вақт лозим аст?
Барои ҳарчи зудтар бахшидани якдигар мо чӣ кор карда метавонем?
Маслиҳатҳо
Агар ҳамсаратон шуморо хафа кунад, гумон накунед, ки ӯ инро қасдан кард.
Дар ёд доред, ки «ҳамаи мо бисёр хато мекунем» ва кӯшиш кунед, ки шавҳаратонро бахшед.
Рӯзе як зане хулосаи худро пешниход намуд: «Вақте ҳардуи мо айбдорем, бахшидан осон аст. Лекин, агар ба назар тобад, ки танҳо айби як кас аст, бахшидан душвортар мегардад. Барои узри касро қабул карда ӯро бахшидан аз аспи ғурур фаромадан лозим».
Принсипро бояд ба кор бурд: «Зуд мушкилиеро, ки байни шумо сар задааст, ҳал кунед».
Вақте ақидаҳо фарқ мекунанд
Агар одатҳо ва шахсияти ҳамсарон аз ҳамдигар фарқ кунад ва онҳо ба чизҳои гуногун шавқ дошта бошанд, ин дар оилаатон душвориҳоро ба миён оварда метавонад. Лекин махсусан дар мавридҳои зерин ба як хулоса омадан душвор аст:
Чӣ қадар гузаронидани вақт бо хешу табор
Шумо бояд чиро донед
Ба якдигар мувофиқ будан маънои як ақида доштанро надорад. Ҳатто зан ва шавҳаре, ки ба якдигар хеле мувофиқанд, ҳамеша як ақида надоранд ва дар масъалаҳои ҷиддӣ низ фикрашон аз ҳам фарқ дошта метавонад.
Як ҳамсаре мегӯяд: «Ман дар оилае калон шудам, ки ба ҳамдигар хеле наздик буданд. Ҳар рӯзҳои истироҳат мо бо бибию бобо, тағою амак, холаю амма ва фарзандонашон вақт мегузарондем. Лекин дар оилаи ҳамсарам бошад, ин хел набуд. Барои ҳамин ману шавҳарам нисбати чӣ қадар бо оила вақт гузарондан ё бо хешу таборе, ки дар дурӣ зиндагӣ мекунанд, чӣ қадар муошират кардан ақидаҳои гуногун дорем».
«Азбаски ману занам дар муҳити гуногун калон шудем, нисбати чӣ тавр сарф кардани пул нуқтаи назари гуногун дорем. Аз ин сабаб якчанд моҳи аввали оиладориамон мо дар ин бора баҳс мекардем. Барои ҳал кардани ин душворӣ якчанд бор сӯҳбат кардан лозим омад».
Ду кас ба як манзара ҳар хел нигоҳ мекунад. Ба ин монанд ҳамсарон нигоҳи гуногун дошта метавонанд.
Ақидаи гуногун доштан маънои онро надорад, ки оилаи шумо хушбахт шуда наметавонад. Баъзе мутахассисон мегӯянд, ки агар шумо ва ҳамсаратон дар масъалаҳои ҷиддӣ ба як хулоса омада натавонед, бояд як илоҷ карда хости дилатонро кунед, ҳатто агар барои ин ҷудо шудан лозим ояд. Лекин чунин «ҳалли душворӣ» маънои онро медошт, ки шумо ҳиссиёти худро аз ваъдае, ки ҳангоми издивоҷ дода будед, болотар мемонед, зеро шумо ваъда дода будед, ки ба пастиву баландии зиндагӣ нигоҳ накарда бо ҳамсаратон якҷоя мемонед.
Шумо чӣ кор карда метавонед
Ба ваъдае, ки ҳангоми издивоҷ дода будед, вафо кунед. Агар чунин кунед, шумо масъалаҳои душворро на чун рақиб, балки чун як даста ҳал мекунед.
Як панде ба ёдам омад: «Он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».
То чӣ андоза пайванди издивоҷатон мустаҳкам аст.
Оё пайванди издивоҷатон фишори иловагиеро, ки калон кардани фарзанд меорад, бардошта метавонад?
Масъулиятҳое, ки фарзанддорӣ меорад.
Ба ин на танҳо хӯрондан, пӯшондан ва бо ҷойи зист таъмин кардани фарзанд дохил мешавад, балки чизҳои бештар низ.
Вазъияти иқтисодиатон.
Оё шумо яку якбора аз ӯҳдаи кор, оила ва дигар масъулиятҳо мебароед?
Принсипе вуҷуд дорад: «Кадоме аз шумо бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб намекунад?»
Ба худ савол диҳед: Оё ман аз он метарсам, ки ҳамсарам ба ман беаҳамият мешавад?
Оё мо масъулиятҳое, ки волидон доранд, ба дӯш гирифта метавонем?
Оё барои калон кардани фарзанд зӯрамон мерасад?
Бо ҷиҳатҳои хуби ақидаи ҳамсаратон розӣ шавед. Ду одам ба як манзара ҳар хел нигоҳ мекунад. Ба ин монанд, ҳамсарон ба як масъала нигоҳи гуногун дошта метавонанд. Масалан нисбати чӣ тавр сарф кардани пул ҳар як ҳамсар ақидаи худро дорад. Ҳангоми ҳал кардани масъалаи баҳснок аввал ҷиҳатҳоеро муҳокима кунед, ки ҳардуятон розиед.
Кадом мақсадҳои шумо якхелаанд?
Ҷиҳатҳои хуби ҳар як ақида кадом аст?
Оё шумо ё ҳамсаратон тайёред, ки барои нигоҳ доштани оила бо ақидаи якдигар розӣ шавед?
«Бигзор ҳар кас фоидаи худро неву фоидаи каси дигарро ҷӯё бошад».
Хулосаи як ҷуфти ҳамсарон: «Мо фаҳмидем, ки тарзи фикррониамон ё иҷро кардани ягон кор ҳамеша як хел буданаш шарт нест. Муҳим он аст, ки ақидаи якдигарро ҳурмат кунем. Ақидаи дигар касро қабул кардан маънои мағлуб шуданро надорад».
Ва боз шумо 3 фарзандатонро аз ҳоло ба мушкилиҳо тоб овардан ва ба ҳаёти оилавӣ тайёр намоед. Яъне дар зиндагӣ агар мушкилӣ сар занад, онро зуд бо ҷудошавӣ ҳал намудани он аз рӯи бехирадӣ мешавад. Бояд рӯи хотири он ваъдае ки пеш аз издивоҷ дода будед ва боз рӯи хотири фарзандони бегуноҳатон бояд гузашт кунед.
Бо эҳтиром, Ризвона.