Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Эпидемиология

Мутобиқи маълумоти ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), тақрибан 2 миллиард одамон, се ҳиссаи аҳолии умумии Курраи Замин сироят шудаанд. Айни замон ҳамасола 9 миллион одамон дар тамоми ҷаҳон гирифтори БС мегарданд,  ки аз онҳо  3 миллионашон аз оризаҳои ин беморӣ вафот мекунанд. (Тибқи маълумоти дигар, ҳамасола 8 миллион одамон гирифтори БС гардида,   2 миллион вафот мекунанд).

Қайд карда шудааст, ки сироятшавӣ ба БС аз шароитҳои номусоид вобастагӣ дорад (ҳолати пуршиддати рӯҳӣ), инчунин аз хусусиятҳои инфиродии организми инсон   (ба мисли,  гурӯҳи хун ва синну соли бемор).

Аз ҷумлаи сироятшудагон дар маҷмӯъ  гурӯҳи синни 18 — 26 сола бартарӣ дорад.   Аммо, сарфи назар аз ин воқеият, дар мамлакатҳое,  ки сатҳи гирифторӣ ба БС нисбатан паст рафтааст — аз ҷумла  Амрико — дар байни сироятшудагон гурӯҳи шахсони солхӯрда бартарӣ доранд 

Якчанд омилҳо вуҷуд доранд,  ки боиси таъсирпазирии баланди инсон нисбати БС мебошанд:

  • Нақши хеле зиёд дар ҷаҳон  ВНМО гардидааст;
  • Тамокукашӣ  (хусусан  рӯзе зиёда аз  20 сигор) —  эҳтимоли гирифтори ба БС  ба  2—4  маротиба меафзояд;
  • Диабет.



Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.