Ҳепатит – номи умумии бемориҳои шадид ва музмини омехтаи (дар тамоми организм паҳншаванда) илтиҳоби ҷигар мебошад, ки пайдоиши онҳо гуногун аст. Сабабҳои сар задани хепатит гуногун буда, барангезандаи он бештар вирусҳое мебошанд, ки ба гурӯҳҳои гуногун дахл доранд. Онҳо бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ ишорат карда мешаванд: А, В, С, D, Е. Хепатитҳо бошанд мутобиқан ба ин барангезандаҳо номгузорӣ мешаванд.
Ҳепатитҳои А ва Е (ҳамзамон ин хепатитҳоро "зардпарвин" ва "бемории Боткин" меноманд)-ро тартиби интиқоли начосату дахони муттаҳид мекунад. Манбаи сироят маризони ҳар кадом шаклҳои беморӣ чунинанд: зардшави, бидуни зардшавӣ, пинхони, дар давраҳои нихони ва ибтидоӣ, ки дар наҷосати онҳо вируси хепатити А ва ё Е падидор карда мешавад. Беморони шакли бидуни зардшавӣ дорои аҳамияти бештари эпидемиологӣ мебошанд, ки теъдоди онҳо аз беморони навъи зардшави 2-10 маротиба зиёдтар мебошад. Хоричи вирус бо наҷосат аз нимаи дуюми давраи нихони оғоз ёфта, сироятшавии баландтарин ба рӯзҳои охирини 7-10 давраи нихонӣ ва давраи зардшавӣ ба назар мерасад. Ҳангоми зардчатоб шудани бемор, одатан вай аллакай сирояткунанда нест. Сироятшавӣ бештар тавассути оби бо ахлот сироятшуда ба амал меояд. Таъсирпазирии шахсони ба ин беморӣ гирифтор нашуда мутлақ аст. Ба бемории хепатити А асосан кӯдакон ва ба хепатити Е бошад – калонсолон гирифтор мешаванд.
Хепатити А дар ҳама ҷой мушоҳида карда мешавад, ҳол он, ки хепатити Е – асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.
Хепатитҳои В, С ва D бо роҳи парентералӣ (тавассути хун) интиқол меёбанд. Сироятшавӣ тавассути хун, маҳсули он, нутфа, оби даҳон, тарашшӯҳи маҳбал, арақи бадан ва ашки шахсоне, ки гирифтори шаклҳои ифодаёфта ва нихонии хепатитҳои шадид ва музмин, сиррози ҷигар, шахсони мубталои HBsAg (антигени рӯии вируси хепатити В, ё ин ки антигени "австралиягӣ") ва шахсони дорои зидди- HCV (моддаҳои бегона нисбат ба вируси хепатити С), ки 70-80% онҳо дорандаи музмини вируси хепатити С мебошанд, ба амал меояд. Вирус тавассути пӯст ва пардаҳои луобии осебёфта ҳангоми гузаронидани дохиливаридии маводи нашъадор, холкӯбӣ, амалҳои муолиҷавӣ-ташхисӣ, ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ, ҳангоми ҷароҳатҳои маишӣ (нохунороӣ, ороиши мӯйи сар дар назди сартарош бо шонаҳои тездандона, риштарошӣ бо асбобҳои риштарошии бегона ва ҳоказо) ба организм дохил мешавад.
Хамаи вирусҳои хепатит амӯдӣ, аз модар ба тифл ҳангоми ҳомиладорӣ интиқол ёфта, аммо тавассути шири модар ҳангоми ширмакӣ интиқол намеёбанд.