Салом! Пайдошавии доначаҳои сиёҳ – ин комедонҳо (нуктаҳои сиёҳ) гиреҳҳои сафед ё сиёҳи пӯст мебошанд, ки дар натиҷаи ҷамъ шудани равғани зиёдатӣ, кератин ва микробҳо дар фолликулаи мӯй ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа, фолликул баста мешаваду ғадудҳои равған ва канали фолликулӣ васеъ мешаванд. Бештари вақт онҳо дар ҷойҳои кушоди пӯст ҷойгиранд. Барои муоинаи пурра ва табобат ҳатман ба мутахассиси бемориҳои пӯст муроҷиат намоед.