Ассалом, аз истеъмоли метадон ва ба итмом расонидани он ба ягон беморӣ гирифтор намешавед. Чунки метадон ҳамчун маводи доруворӣ буда, барои табобати вобастагии афюнӣ таъйин шудааст. Мақсади табобат бо метадон – мўътадил намудани ҳолат, паст намудани майл ба истеъмоли героин ва дигар афюнҳои кӯчагӣ буда, барои вазъи ҳаёти шуморо мӯътадил намудан ва ба он тағйиротҳои мусбӣ ворид намудан мебошад. Мақсади асосии ба метадон ҷалб намудани истифодабарандагони маводи мухаддири тазриқӣ ин пешгирии паҳншавии бемориҳои мавқеи иҷтимоидошта ба мисоли ВНМО/БПНМ, гепатитҳо, САҶИ дар байни гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад.Шумо бояд бо нарколог ҳамкорӣ намуда, бо тавсияи он истеъмоли метадонро аз 60мг кам карда дар давоми 3-4 моҳ ба 5мг расонед ва ба осонӣ аз истеъмоли метадон бароед. Боқӣ аз иродаи Шумо вобастагӣ дорад.
Бо эҳтиром, Зубайд Раҳимов