Бемории сил бо вуҷуди ташхиси саривақта, табобат ва пайравӣ намудан ба муолиҷа дар аксарияти ҳолатҳо табобатшаванда мебошад.
Табобати БС танҳо дар муассисаи махсусгардонидашудаи (диспансер) мубориза бар зидди БС аз ҷониби пизишк-силшинос ба амал оварда мешавад.
Реҷаи чоргонаи табобат
Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Бидуни чунин назорат ва дастгирӣ дар риоя намудани нишондодҳои тиббӣ вобаста ба табобат метавонанд душвориҳо ба вуҷуд оянд, ки асос барои боз ҳам фаро гирфтани беморӣ гардида, эҳтимол шаклҳои устувореро нисбати доруҳо ҳосил намояд.
Реҷаи паҷгонаи табобат
Дар аксарияти марказҳое, ки ҷиҳати табобати БС махсус гардонида шудаанд, ҳоло истифода бурдани реҷаи панҷгонаи табобатро авлотар меҳисобанд, бо роҳи илова намудани ҳосилшавандаҳои фторхинолон ба реҷаи чоргонаи табобат, ба мисли сипрофлоксасин. Ҳамроҳ кардани доруҳои насли дуюм, сеюм ва болотар аз он мавриди табобати шаклҳои БС, ки нисбати доруворӣ пурҳассосанд, муҳим мебошад. Реҷаи табобат бо доруҳои насли дуюм ва болотар аз он, ҳадди ақал 20 ҳафтаи қабули рӯзмарраи доруҳоро дар назар дорад. Реҷаи мазкур назар ба табобат бо доруҳои қатори якум нисбатан гаронтар аст. Ҷиҳати хеле маҳдудкунанда инчунин мавҷудияти миқдори зиёди ҳаргуна таъсири манфӣ аз истифодаи доруҳои иловагӣ мебошад.
Муолиҷаи иловагӣ
Иммуномодуляторҳо Азбаски аксарияти доруҳои зиддисилӣ на ин ки таъсири бактериякушанда, балки дорои таъсири бактериостатикӣ мебошанд, дар фтизиатрия иловатан иммуностимуляторҳоро истифода мебаранд. Ба беморони гирифтори ВНМО ва бемории сил муолиҷаи махсуси зидди ВНМО ҳамзамон зидди бемории сил тавсия карда шуда, истифодаи рифамписин манъ карда мешавад.
Безараргардонӣ Азбаски доруҳои зиддисилӣ дорои хусусияти баланди заҳрнокӣ мебошанд, дар фтизиатрия гепатопротекторҳо (муҳофизаткунандагони ҷигар) дар заминаи назорати доимии лаборатории сатҳи пигментҳои ҷигар (билирубин) хеле фаъол истифода бурда мешаванд. Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои заҳрнокшавӣ аз доруҳо, қабули онҳо пурра ва ё қисман барҳам дода мешавад. Безараргардонӣ бо реосорбилакт ва и атсетилсистеин гузаронида мешавад. Пас аз барҳамёбии нишонаҳо химиотерапияро давом медиҳанд.
Усулҳои табобати БС бо роҳи ҷарроҳӣ
Усулҳои ҷарроҳии табобати БС моҳияти худро нигоҳ медоранд: дар ҳолатҳои кӯҳнашавии беморӣ гузоштани пневмоторакси сунъӣ, буридани (изъоҷ) шуши осебёфта ва ё ҳиссаи он, найчамонӣ ба ковокии шуш, дабилаи пардаи шуш ва ҳоказо метавонад муфид бошад. Аммо воситаи қатъӣ ва муҳимтарини натиҷабахш химиотерапия мебошад — муолиҷа бо доруҳои зиддисилӣ, ки самарабахшии бактериостатикӣ ва бактериолитикиро кафолат дода, бидуни онҳо шифоёбии комил аз БС имконнопазир мебошад.
Истеъмоли ғизо ва тарзи ҳаёт
Ба ғайр аз химиотерапия, бояд ба истеъмоли ғизои гуногуну сермаҳсул ва хушсифат аз ҷониби беморони сил, инчунин вазнгирии бадан, пурра кардани норасогии витаминҳо, камхунӣ, лейкопения (нумӯъ ёфтани эритро- ва лейкопоэз) бояд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шавад. Шахсони гирифтори БС, ки аз майзадагӣ ва ё нашъамандӣ азият мекашанд, бояд то химиотерапияи зиддисилӣ аз безараргардонӣ гузаронида шаванд.
Барои табобати БС табобат дар осоишгоҳ низ нақши муҳимро ишғол мекунад. Тавре маълум аст, микробактерияҳои сил оксигенкунониро намепазиранд ва ҷойгиршавӣ дар қабатҳои на он қадар хуб ҳавокашандаи шушҳо писанди онҳост. Беҳбудӣ бахшидан ба оксигенкунонии шушҳо, ки ҳангоми нафаскашии самаранок дар ҳавои осоишгоҳҳои мавзеи кӯҳсорон мушоҳида карда мешавад, боиси боздоштани афзоиш ва инкишофи микобактерияҳо мегардад. Маҳз бо ҳамин мақсад (барпо намудани ҳолати гипероксигенкунонӣ дар ҷойҳои ҷамъшавии микобактерияҳо) баъзан оксигенкунонии гипербариро истифода мебаранд.