Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Нишонаҳо

Нишонаҳои БС  шуш

Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш - ин  сулфа, баъзан бо балғам ва хун, дард дар қафаси сина, бемадорӣ, лоғаршавӣ, табларза ва арақзеркунии шабона мебошанд. Дар як қисми  аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ мӯътадил бошанд, ки ин ҳолат  боиси  ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол  инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро,  ки  бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. 

Нишонаҳо ҳангоми БС  ғайри шушӣ

Ошкор намудани бемории сили ғайри шуширо, одатан,  танҳо пас аз истисно кардани кулли бемориҳои дигар,  ки онҳо низ дорои чунин нишонаҳо мебошанд,    имконпазир аст. Нишонаҳои шакли ғайри шушии БС бевосита аз ҷойгиршавии раванди сироят вобастагӣ доранд.   

Бемории сили мағзи сар ва пардаи мағзи сар:  аксар вақт  дар тӯли як-ду ҳафта инкишоф меёбад. БС системаи марказии асаб, аксар вақт, дар синни кӯдакӣ ва ё калонсолоне,  ки системаи масунияташон заиф гардидааст, ба назар мерасад.   Пеш аз ҳама хоболудӣ, бедорхобӣ, қаҳрангезӣ ва баландшавии ҳарорат мушоҳида карда мешавад. Аллакай пас аз як ҳафта беморро қайкунӣ ва дарди сар нороҳат месозад. Ҳамзамон ҳангоми росткунии дасту пой ва ё моил кардани сар ба қафаси сина дар ҳолати дарозкашӣ, ҳиссиёти дард дар тахтапушт пайдо шуда,  тарангшавии мушакҳои паси гардан зоҳир мешавад. Ғайр аз ин иллати гуногуни асаб мушоҳида карда мешавад. 

Бемории сили сутунмӯҳра, устухон ва пайвандон:  инкишофи маҳдудшавии ҳаракат, шикасти ғайритабиӣ,  ноустуворӣ, инчунин эҳсос намудани дард  дар ҷузъҳои осебёфтаи бадан. Фарқ кардани чунин патология аз дигар бемориҳои сершумори  системаи  такягоҳу ҳаракат хеле муҳим мебошад.

Бемории сили узви ҳозима:  бо чунин нишонаҳо зоҳир мешавад, ба мисли: такрорёбии қабзи меъда ва  исҳол (дарунравӣ), дамиши шикам, дарди шикам, хун дар наҷосат, баландшавии дуру дарози ҳарорати бадан. Инкишофи қабзияти  рӯда  дар эҳтимол аст. 

Бемории сили пӯст:  дар намуди ҷисмҳои сахт ва гиреҳҳо зери пӯсти бадан,  ки бо мурури вақт калонтар шудан гирифта, бо даридани пӯст аз худ як нав  маҳлули фаллашакли сафедрангро ҷудо мекунанд, зоҳир мегардад. Нишонҳои дигари ин патология  низ  вуҷуд доранд. 

Бемории сили системаи олати таносул ва шоша (пешоббарор):  метавонад дар узвҳои гуногуни таносул ва шоша чӣ дар занон ва чӣ дар мардон  инкишоф ёбад.   Аксар вақт гурдаҳо осеб меёбанд. Ба нишонаҳое,  ки ҳангоми осебёбии гурдаҳо мушоҳида мешавад, инҳо таалуқ доранд: эҳсоси дарди камар ва тахтапушт,  хун дар пешоб, инчунин баландшавии ҳарорати бадан. Как дар кам чӯбчамикроби БС дар роҳи пешоб ва пешобдон инкишоф меёбад.  Дар чунин ҳолат вайроншавии сершумори ҷараёни пешобронӣ инкишоф меёбад:  пешоби оллудаи хун, ҳиссиёти дард, боздоштани пешоб ва ҳоказо. Ҳангоми осебёбии узвҳои таносул аз чӯбчамикроби Кох эҳтимоли инкишоф ёфтани чунин як патологияи хеле ҷиддӣ, ба мисли безурииётӣ низ вуҷуд дорад. 

Ташхиси шакли шушии БС

Усулҳои техникӣ, лабораторӣ ва иммунолигии ташхиси БС фарқ мекунанд.  Дар таҷрибаи тиббии муосир аз  ҳамаи ин усулҳо баробар истифода мебаранд. 

Усули техникӣ

Флюорография (намуди нисбатан оммавӣ дар байни аҳолӣ), инчунин  рентгенографияи қафаси сина ва томографияи компютерии мултиспиралӣ.    Ин усулҳо имконият медиҳанд,  ки тағйиротҳои «шубҳанок» дар шушҳо ва гиреҳҳои дохилии қафаси синаро муайян кунанд, инчунин ба сатҳи паҳншавии беморӣ ва  шакли осебёбии шушҳо баҳо дода шавад.

Ғайр аз ин  фибробронхоскопияро бо шустаҳо аз шохаҳои нойчаҳои нафаскашӣ ва биопсияи пардаи луобӣ истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои ҷудогона видеоторакоскопия ва биопсияи шушҳо  ва (ё худ) пардаи шуш, гиреҳҳои дохилии қафаси синаро истифода мебаранд.

Усулҳои лаборатории ташхис

Намудҳои зерини ташхиси лаборатории БС имконият медиҳанд,  ки ангезандаи БС  муайян карда шавад:

  • Бактериоскопияи балғам ва обшустаҳои шохаҳои нойчаҳои нафаскашӣ.
  • Таҳқиқи  моеъи  пардаи шуш.
  • Таҳқиқи   биопсияи пораи ҳуҷайраи шуш, пардаи шуш,  гиреҳҳои сафроӣ.

Усулҳои  иммунологии ташхис

Айни замон дар ташхиси маҷмӯавии БС шуш истифода мебаранд:

Санҷиши Манту («тугмача») бо 2 воҳиди туберкулинӣ. Ин усул чандон  усули ташхисии баландҳассос нест, зеро  бештар натиҷаҳои қалбакии  мусбӣ медиҳад.  

Усули замонавии ташхис ин Диаскинтест мебошад,  ки ин усул ташхиси босуръати БС-ро ифода мекунад. Тарзи иҷрои он ба санҷиши Манту монанд аст – яъне  сӯзандоруи зерипӯстӣ  бо моеи махсус, ки аз сафедаҳои танҳо барои барангезандаи БС хос иборат мебошад.  Диаскинтест  танҳо дар шахсони сироятшуда ва гирифторони БС натиҷаи мусбӣ медиҳад. Диаскинтест  назар ба санҷиши Манту нисбатан усули  самарбахши ташхиси БС мебошад.

Муайянсозии микробактерияҳои БС бо ёрии аксуламали пайдарпайи полимеразӣ (АПП) иловатан ҳангоми «ташхиси душвор» истифода бурда мешавад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.