Эпидемиология
Паҳншавии хепатитҳои вирусии музмин (ГВМ) бо интиқолёбии сироят тавассути роҳҳои гуногун ва таъсири омилҳои хавф алоқаманд мебошад.
Ба омилҳои хавфи хепатитҳои вирусии А ва Е дахл доранд:
- сатҳи пасти обтаъминкунии аҳолӣ;
- сифати пасти оби нушоки ва ё ҳангоми офатҳои табии обӣ (омехташавии партовҳои корезӣ бо манбаҳои оби нушоки);
- риоя накардани гигиенаи шахсӣ, хусусан аз ҷониби кӯдакон (бепарвоӣ нисбати шустани дастон пас аз қазои ҳоҷат, истеъмоли хӯроквории аз фарш ва ё аз замин бардошта);
- вайрон кардани шартҳои хӯроктайёркунӣ (тозагии нокифояи ошхона, ҷойҳои дигаре, ки хӯрок тайёр карда мешавад ва ашёи барои хӯроктайёркунӣ истифодашаванда).
Пешгирии хепатитҳои А ва Е:
- риоя кардани қоидаҳои маъмули гигиена: шустани дастон пеш аз истеъмоли хӯрок ва пас аз қазои ҳоҷат, истеъмол накардани сабзавот ва меваҳои ношуста, нанӯшидани оби ноҷӯшида аз сарчашмаҳои номаълум;
- барои кӯдакон ва калонсолоне, ки ба гурӯҳҳои хавф таалуқ доранд, эмкунӣ бар зидди хепатити А вуҷуд дорад, аммо он ба ҷадвали эмгузаронии ҳатмӣ ворид карда нашудааст. Эмгузаронӣ дар ҳолатҳои эпидемиявии паҳншавии хепатити А гузаронида мешавад;
- пеш аз сафар ба ноҳияҳои номусоид дар алоқамандӣ бо хепатит ба кормандони муассисаҳои томактабӣ ва кормандони тибб эмгузаронӣ бар зидди хепатити А тавсия карда мешавад.
Ба омилҳои хавфи хепатитҳои вирусии B, C ва D дахл доранд:
- гузаронидани хун ва гемо- ҷузҳои он,усулҳои инвазиявии таҳқиқот ва табобат;
- донорӣ;
- усули парентералии доругузаронӣ;
- алоқаҳои ҷинсии бетартиби гетеро-сексуалӣ ва бештар гомосексуалӣ;
- истифодаи сӯзандоруҳои тамъизнашуда ва дигар асбобҳо ҳангоми истифодаи маводи нашъадор;
- алоқа бо хуне, ки аз вируси гепатитҳои B, C ва D сироят шудааст;
- холкӯбӣ.
Пешгирӣ кардани хепатитҳои В, С ва D:
- аз алоқа бо хуни шахси сироятшуда канорагирӣ зарур аст, азбаски барои интиқолёбии вируси хепатит миқдори камтарини хун кифоя мебошад, сироятшавӣ ҳатто ҳангоми истифодаи як асбоби ришгирӣ, қайчиҳои нохунороӣ ва ҳоказо имконпазир аст. Ин асбобҳо бояд инфиродӣ бошанд;
- тамъизгардонии асбобҳои тиббӣ то гузаронидани амалиётҳои тиббӣ ва ҷарроҳӣ, инчунин истифодабарии воситаҳои ҳифзкунанда (дастпӯшак ва либоси махсус);
- ба низом овардани тарзи ҳаёти ҷинсӣ (як шарик);
- алоқаҳои ҷинсӣ бо шарикони насанҷида бояд танҳо бо истифодаи рифола анҷом дода шаванд;
- эмгузаронӣ ҳангоми хепатити B. Эмгузаронӣ бар зидди ҳепати В бояд ба ҷадвали эмҳои ҳатмӣ ворид карда шавад. Ба наврасон ва калонсолон эмгузаронӣ бар зидди хепатити В ба таври ихтиёрӣ сурат гирифта, ба намояндагони гурӯҳи хавф бошад чунин эмгузаронӣ тавсия дода мешавад (истифодабарандагони маводи нашъадор бо сӯзандору, кормандони шахвони, кормандони муассисаҳои тиббӣ, шахсоне, ки дар минтақаҳои паҳнгардидаи вируси хепатити В истиқомат мекунанд ва ё ба он ҷо сафар доранд; шахсоне, ки бо беморони хепатити В ва ё паҳнкунандагони вируси хепатити В дар алоқаи зич қарор доранд).
- Мутаасифона, вактсина барои пешгирӣ кардани ҳепатити С айни замон вуҷуд надорад;
- пешгирӣ кардани истифодаи маводи нашъадор тавассути сӯзандору, паст кардани зарари истеъмолкунандагони маводи нашъаи тазрики, дастрас будани ивазкунии сӯзандору;
- санҷиши ҳатмии хуни донорӣ;
- корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни наврасон ва ҷавонон.