Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Паст кардани зарар-ТҶЁ

Нашаманд метавонад аз истеъмоли маводи нашъа даст кашад.
Барои ин зарур аст:

  • хохиши катъии у;
  • кумаки шахсони наздик;
  • кумаки мутахассисон.

Барномаи « Паст кардани зарар»

Таърихи харакати паст кардани зарар дар миёни солҳои 80 огоз шуда, бо саршавии эпидемияи Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ)  дар байни истеъмолкунандагони маводи нашъа дар ШМА, Европаи Гарби ва дигар давлатхо  вобастагии зич дорад. Эпидемияи  Бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) хам дар назди истеъмолкунандагон (чи хел худро ва рафикони худро бехавф кардан), хам дар назди мухассисони тиб (чи хел маълумоти пешгирикунандаро ба истеъмолкунандагони маводи нашъа, ба гурухи махкам ва дастнорас, бо сабаби конунгузории сахти мавчудбуда нисбати маводи нашъа расондан даркор ) масъала гузошт.  Ба мутахассисони тиб маълум буд, ки агар ягон хел чорахои пешгирии фавкулоддаро кабул накунанд, пешгирии инкишофи бошиддати эпидемия дар байни одамоне, ки маводи нашъаи тазрикиро  (инексиониро) кабул мекунанд,  имконнопазир мегардад.

Бо сабаби тахдиди эпидемияи сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/БПНМ) дар коркард намудани барномахои гуногун зарурият пайдо шуд, ки онхо бояд барои истеъмолкунандагони маводи нашъа чалбкунанда буда, ба эхтиёчхои вокеии онхо чавобгу бошанд. Хадамотхое, ки дар асоси ин ташкил карда шуданд, номи умуми «Барномаи паст кардани зарар»-ро гирифтанд. Хамин тавр шакли комплекси коркард карда шуд, ки он омузонидани намудхои безарар ворид кардани тазрик  (инексияро), инчунин гузаронидани чорабинихои пешгиркуни бо одамоне, ки маводи нашъа истемол намекунанд, дар бар мегирад. Дар натича, дар давлатхои дар боло зикршуда барномахои  паст кардани зарар ба асоси сиёсати  миллии зиддинашаманди гузошта шуданд. Дигаркунии рафтор – чараёни дурру дароз ва мушкил мебошад; ба рафтори аз хама бехатар омадан, яъне бас кардани истеъмоли маводи нашъа, хеле душвор мебошад, шояд одам дар назди худ ин хел масъаларо намегузорад. Лекин хавфро аз истеъмоли маводи нашъа (аз чумла, хавф ба гирифтор шудан бо сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/БПНМ) ва хепатитхои тазрики) дар зинахои аввал паст кардан мумкин аст. Метавонед аз дигаргунихои  на он кадар калон огоз кунед. Дар поён зинахои паст кардани хавф пешниход карда мешавад:

Зинахои «Паст кардани зарар»

  • Истеъмоли маводи нашъаро огоз накун, агар огоз карда боши – бас кун.
  • Агар маводи нашъаро истеъмоли куни, онро бо рохи тазрики  (инексиони) истеъмол накун.
  • Агар маводи нашъаро бо рохи тазрики  (инексиони) кабул куни, онро танхо бо сузандорухои  нав (яккарата) кабул кун.
  • Агар  имконияти хар дафъа сузандорухои нав истифода бурдан  набошад, хеч гоҳ  сузандорухи бегонаро истифода набар.   
  • Агад сузандорухои бегонаро истифода бари, доимо онхоро тамиз (дезинфексия) кун.

Табобати чойивазкунандаи ёрирасон

Ташкилоти умумичахонии тандурусти табобати чойивазкунандаи ёрирасонро яке аз усулхои мухимии табобати мешуморад, махсусан  дар мамлакатхое, ки шумораи беморони вобаста аз маводи афюни зиёданд ва алалхусус дар он чойхое, ки аз сабаби истеъмоли маводхои нашъаовари  тазрики  шахсони истеъмолкунодаи он ба хатари баланди сироятшави бо ВНМО ва дигар инфексияхои тавассути хун гузарандаро доранд.  

Табобати чойивазкунандаи ёрирасон ба воситаи метадон кабули муташаккилонаи доруро, ки бо рохи инфироди вояхои зарури аз тарафи шахсони табобаткунанда интихоб шудааст, пешбини мекунад. Такяи асоси ба он  карда мешавад, ки истеъмолкунандаи маводи нашъа доимо метадонро «дар таги даст» дошта бошад ва он вакт у танхо як намуди маводи нашъаро истеъмол мекунад. Дар вакти набудани  иштирокчии «барномаи ивазкуни» у мачбур мешавад, ки он маводи  нашъае, ки дарёфт мекунад, истеъмол кунад ва дар натича у на аз як намуд, балки аз чанд намуди маводи нашъа вобаста мешавад.  Бо сабаби кам  шудани масъалахои ичтимои, ки бо гирифтани маводи нашъа вобаста мебошанд, хавфи содир намудани чиноятхо аз тарафи истеъмолкунандаи маводи нашъа кам мешавад. Дар холате, ки истеъмоли метадон бо рохи гайритазрики  (истеъмол аз дахон) дар муассисаи тибби гузаронида мешавад, инчунин истеъмолкунандаи маводи нашъа бо воситахои тамизшуда (стерили) таъмин карда мешаванд – ин хама  хавфи гирифторшави ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва дигар касалихое, ки бо  истеъмоли маводи нашъа бо роҳи  тазрики  (инексиони) алокамандро  кам мекунанд. Максади табобат бас кардани кабули дигар афюнхо (дар навбати якум маводи нашъа) ва кохиши (редуксияи) зохироти психофизики аз вобастагии маводи нашъа мебошад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.