Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва сил дар байни гурӯҳҳои калидии аҳолӣ оғоз кард

logo gf                    logoafifPNG                            logo undp 0

 

ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва сил дар байни гурӯҳҳои калидии аҳолӣ оғоз кард

1 марти соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ба амалигардонии лоиҳаи нави «Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ намуд, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи барномаи Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар кардани ташхиси ВНМО, дарёфти сироятёфтагони ВНМО ва беморони сил, инчунин фарогирии бештари шахсони истеъмолкунандаги маводи мухаддири тазриқӣ (ШИМТ) бо табобати зиддиретровирусӣ мебошад.

Вазифаҳои лоиҳа дар асоси қоидаи «Аз ташхис гузар, табобат намо» бо истифода аз роҳу усулҳои ҷадид амалӣ карда мешавад ва ба беҳтар кардани дастрасии шахсони истифодабарандаи маводи мухаддири тазриқӣ ба барномаҳои коҳиш додани зарар, ташхиси ВНМО ва ташхиси барвақтии сил, табобат ва кӯмаки ҳуқуқӣ инчунин коҳиш додани тамғагузорӣ ва табъиз нисбати ШВЗ ва ШИМТ мусоидат мекунанд




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.