Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор мекунад

 Logo USAID Tajik

Лоиҳаи USAID оидбабарҳамдоданибемориисилдарОсиёиМарказӣбахшидабаРӯзиумумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор мекунад

Аз 29 март то 9 апрели соли 2021 Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо марказҳои сил дар ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон ва Суғд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ баргузор менамояд.

ETICA TB dayЧорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва табобати сил асосан дар нуқтаҳои аҳолинишини дорои сатҳи баланди ин беморӣ ташкил карда мешаванд. Ҳозирин дар викторинаҳои шавқовар иштирок карда, ба саволҳо ҷавоб медиҳанд ва саҳнаҳои ҷолибро тамошо мекунанд, ки дар онҳо худи беморони сил нақш мебозанд. Баъди таътили баҳорӣ инчунин барои мактаббачагон озмунҳои беҳтарин рӯзномаи деворӣ ва иншо дар мавзӯи "Шумо дар бораи бемори сил чӣ медонед?" ташкил карда мешавад. Ғолибони озмунҳо, суолу ҷавобҳо ва иштирокчиёни фаъоли саҳнаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани табобати бемории сил ва бемории сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.

ETICA TB day2ETICA TB day4.jpg

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.