Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо сил таҷлил шуд
27 апрели соли 2021 дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахҳида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳои беҳдоштию маърифатӣ баргузор гардиданд. Чорабиниҳо бо иштироки намояндагони ҳукумати шаҳри Хуҷанд, марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз сил, Маркази вилоятии тарзи ҳаёти солим, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мактаббачагон ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифтанд.
Меҳмонони чорабинӣ оид ба бемории сил маълумоти муҳим ба даст оварда, зиёда аз 120 нафар хонандагони мактабҳои миёна дар озмунҳои расми беҳтарин ва викторинаҳо ширкат варзиданд. Ба фаъолон мукофотҳои хотиравӣ супорида шуд.
Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани табобати бемории сил ва бемории сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.