ТҶҶ "Афиф" лоиҳаи навро баҳри беҳтар намудани дастрасии маҳкумшудагон ба хизматрасониҳои тиббӣ ифтитоҳ бахшид
11 майи соли 2021, ТҶҶ “Афиф” лоиҳаи нави «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон»-ро оғоз намуд, ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Мақсади асосии лоиҳа мусоидат намудан ба таҳкими минбаъдаи иқтидори хадамоти тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани ёрии тиббии саривақтӣ ва сифатнок, ва таъмини дастрасии ҳамаҷонибаи маҳкумшудагон ба хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои лоиҳа хадамоти тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешавад, то ки ба маҳкумшудагони гирифтори бемориҳои гуногун ёрии таъҷилии ҷарроҳӣ расонида шавад, инчунин барои баланд бардоштани тахассуси кормандони тиббии низоми иҷрои ҷазо омӯзишҳо ва курсҳои такмили ихтисос баргузор мегарданд.