Дар шаҳри Бохтар маcоили ташхиси саривақтӣ, дастрасӣ ба табобат ва кӯмаки иҷтимоӣ ба беморони сил баррасӣ шуд
29 июли соли 2021 дар шаҳри Бохтар дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) вохӯрии кории шабакаи шарикони хидматрасон баргузор гардид, ки дар он 25 нафар кормандони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии тандурустӣ, кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, инчунин намояндагони гурӯҳҳои калидии аҳолӣ иштирок доштанд.
Дар рафти вохӯрии корӣ иштирокчиён масъалаҳои дарёфти саривақтӣ, табобат ва кӯмаки иҷтимоӣ ба гирифторони бемории сил, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамкории хадамоти тиббӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар ҳалли мушкилоти соҳаи бемории сил баррасӣ карданд. Натиҷаҳои фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар давраи октябри 2020 то июни 2021 низ муаррифӣ карда шуд. Ин лоиҳа бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути бунёди иқтидорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани ташхис ва табобати бемории сил ва сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.