Аз 23 июни соли 2021 ТҶҶ “Афиф” барои кормандони тиббӣ ва ғайритиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ силсилаи омӯзишҳои хурдро дар мавзӯи "Паст кардани сатҳи доғгузориву табъиз ва таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон барои гирифтани хизматрасонии асосии тиббӣ дар шароити ҳабс" баргузор менамояд.
Чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори хадамоти тиббии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббии босифат ба маҳкумшудагон» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” то 6 октябри соли ҷорӣ гузаронида мешаванд. Ҳадафи аслии ин лоиҳа кумак ба таҳкими минбаъдаи иқтидори хадамоти тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани ёрии саривақтӣ ва босифати тиббӣ, инчунин таъмини дастрасии баробар ба хадамоти тиббӣ ба маҳкумшудагон мебошад.