12 августи соли 2021 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор намуд, ки дар он кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, марказҳои минтақавии СПИД ва наркология, БРСММ, инчунин намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи "Пурзӯркунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ ва табобатӣ барои коҳиш додани сатҳи сирояти ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо дастгирии молиявии БРСММ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳадафи вохӯрии корӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич дар татбиқи Барномаи миллии мубориза бо эпидемияи ВНМО / БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мебошад.
Дар рафти вохӯрии корӣ шарикон роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ дар ҳифзи ҳуқуқи аҳолии асосӣ ва пешгирии сирояти ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазирро баррасӣ намуданд. Инчунин татбиқи амалии дастур оид ба пешгирии сирояти ВНМО / БПНМ дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гурӯҳҳои осебпазир кор мекунанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.