Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дар шаҳри Хуҷанд масоили ҳамкории бисёрсоҳавӣ баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳо дар соҳаи сил баррасӣ шуд

 

Logo USAID Tajik

 26 августи соли 2021 ТҶҶ“Афиф” дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (USAID ETICA) дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории шабакаи шарикони хидматрасонробаргузор намуд, ки дар он 25 намояндаи сохторҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, инчунин намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иштирок карданд

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории бисёрсоҳавиро байни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шӯроҳои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ баҳри дарёфту табобати саривақтӣва дастгирии иҷтимоии гирифторони бемории сил муҳокима карданд. Натиҷаҳои фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар давраи октябри соли 2020 то июни соли 2021 низ муаррифӣ карда шуд. Ин лоиҳа бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути бунёди иқтидорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани ташхис ва табобати бемории сил ва сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.

RV Khujand1RV Khujand




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.