Лоиҳаи USAIDоид ба барҳам доданибемории сил дар Осиёи Марказӣ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чорабиниҳоииттилоотӣ баргузор намуд
Аз 1 то 31 январи соли 2021 Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Миёна дар ҳамкорӣ бо марказҳои ноҳиявии сил, барои 280 муҳоҷир ва наздикони беморони сил дар ноҳияҳои Данғара, А. Ҷомӣ, Темурмалик, Норак, Панҷакент, Мастчоҳ ва Ашт чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор намуд.
Дар чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемории сил байни гурӯҳҳои осебпазир ташкил карда шуданд, силшиносон дар бораи нишонаҳои асосии бемории сил ва оқибатҳои вайрон кардани реҷаи табобат маълумот доданд, инчунин ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтанд. Ҳамаи иштирокчиён аз пурсишнома оид ба бемории сил гузаштанд.
Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бо мақсади коҳиш додани мушкилоти бемории сил дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ барои беҳтар намудани табобати бемории сил ва бемории сили ба дорувор устувор амалӣ карда мешавад.