Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ТҶҶ "Афиф" - "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон"

logoafifPNG

 

 

 

 

 

 

ТҶҶ "Афиф" - "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон"

 

Award1Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" барандаи ҷоизаи "Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон" дар номинаи "Ташаббус / лоиҳаи беҳтарин, ки ба барқароршавии иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии баргашта равона шудааст" гардид.

Озмун ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, ки ҳамасола дар ҷаҳон 18 декабр таҷлил мешавад, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқи инсон" бо cарпарастии Ибтикори байналмилалӣ оид ба муҳоҷирати бунёди Ҷамъияти кушодаи Бритониё ташкил карда шуд.

Ғояи асосии озмун ин қадр ва эътироф кардани кӯшишҳои нафароне awardмебошад, ки ҳуқуқи ҳамватанони моро дар Тоҷикистон ва берун аз он бо ҳар гуна василаи қонунӣ ҳимоя менамоянд.

ТҶҶ "Афиф" ба озмун лоиҳаи "Паст кардани оқибатҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар ҳаёти заноне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ё аз Федератсияи Русия депортатсия шудаанд", ки бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ шуда буд, пешниҳод намуд ва дар натиҷа саҳми гурӯҳи "Афиф" дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва саломатии занони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта қадр карда шуд. 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.