Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Чорабиниҳои ТҶҶ “Афиф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО

gerb                                                                                                 logoafifPNG

 

 

Чорабиниҳои ТҶҶ “Афиф” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО

 

Аз 1 то 30 ноябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак, инчунин ноҳияҳои Кӯшониён, Қубодиён, Вахш, Ёвон, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ ва А.Ҷомӣ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд.

Мақсади чорабинии мазкур баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба масоили ВНМО ва паст кардани сатҳи доғгузорӣ ва табъиз нисбати гурӯҳҳои осебпазир мебошад. Мутахассисони марказҳои байниноҳиявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ба иштирокчиён оид ба пешгирӣ ва сирояти ВНМО маълумот доданд. Дар рафти чорабинӣ тақрибан 2000 маводи иттилоотӣ ва воситаҳои пешгирикунандаи беморӣ тақсим карда шуд.

"Афиф" ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ мебошад, ки кӯшишҳои он бо мақсади таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон ба амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.

 

INFOSessionINFOSession1

    




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.