Дар Бохтар масоили пешгирии паҳншавии ВНМО дар байни истеъмолкунандагони маводи мухаддири тазриқӣ баррасӣ гардид
20 ноябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар якҷоягӣ бо Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар вохӯрии кории шабакаи шарикон оид ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Хатлонро баргузор намуд. Дар вохӯрӣ 35 намояндаи муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ фаъолият мебаранд, дар шакли муқаррарӣ ва бархат (онлайн) иштирок карданд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён вазъи эпидемиологии ВНМО дар вилояти Хатлон, масъалаҳои мусоидат ба дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасониҳо оид ба ВНМО ва коҳиши зарар барои шахсони истифодабарандаи маводи мухаддири тазриқиро мавриди муҳокима қарор доданд, инчунин оид ба роҳҳои ҷалби истеъмолкунандагони маводи мухаддир ба барномаи табобати ҷойивазкунии Метадон ва риояи реҷаи табобат табодули таҷриба ва афкор намуданд.
ТҶҶ "Афиф" натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи "Мустаҳкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миқёси чорабиниҳои профилактикӣ, табобат ва нигоҳубин барои нигоҳ доштани паҳншавии эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" -ро, ки аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Глобалии Мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа ва маблағгузорӣ шудааст, муаррифӣ намуд. Вохӯрии мазкур низ дар доираи ҳамин лоиҳа ташкил гардидааст.