Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Кормандони тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оид ба хусусиятҳои табобати COVID-19 ва истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ омӯзонида мешаванд

 

logoosi                         gerb                          logoafifPNG

 

 

Кормандони тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ  оид ба хусусиятҳои табобати COVID-19 ва истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ омӯзонида мешаванд

         Аз 2 то 23 ноябри соли 2020 бо дастгирии техникии Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Афиф" дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" машғулияти омӯзишии дуҳафтаина барои 10 корманди тиббии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида мешавад.

         Иштирокчиён дар бораи хусусиятҳои табобати гирифторони бемории сироятии коронавирус ва истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ барои бемориҳои гуногун дар муассисаҳои ислоҳӣ маълумот гирифта, малакаи худро дар машғултиятҳои амалӣ дар шӯъбаи анестезиология ва эҳёи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил медиҳанд.

         Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи "Тақвияти иқтидори хизматрасонии тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати сирояти коронавируси COVID-19 ва таъмини назорати самараноки сироятӣ дар СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, сурат мегирад.

IVM courses0IVM courses1

 

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.