МАЪЛУМОТНОМА
Аз 1 то 30 октябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуривии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) ва Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе барои 104 нафар кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳкумшдагони фаъол дар мавзӯи “COVID-19, роҳҳои сироят, чораҳои пешгирӣ ва бехатарӣ дар ҷои кор. Таъмини ҳуқуқи маҳкумшудагон барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ дар шароити маҳрумият аз озодӣ” як қатор омӯзишҳои хурди кӯтоҳмуддат баргузор намуд.
Машғулиятҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Тақвияти иқтидори хизматрасонии тиббии муассисаҳои пенитенсиарӣ оид ба пешгирӣ, ташхис, табобати сирояти коронавируси “COVID-19” ва таъмини назорати самаранокии сироятӣ дар СРИҶҶ Вазорати адлии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷомъияти Кушода”- Бунёди мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, ташкил карда шуд.