Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

22-23 сентябри соли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “Мактаби беморон” баргузор намуд

logotip yusaid                     gerbTJ                            logoafifPNG

 

22-23 сентябрисоли 2020 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “Мактаби беморон” баргузор намуд, ки дар он 18 нафар кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд.Дар рафти тренинг иштирокчиён бо  роҳҳои ташкил намудани омӯзиши беморон оид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил ва ВНМО дар муассисаҳои ислоҳӣ шинос шуданд.

patientschool2.jpgtjЧорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ”, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Мақсади лоиҳаи мазкур ин сафарбаркунии захираҳо ва таҳкими иқтидори бахшҳои пенитенсиарӣ ва шаҳрвандии нигоҳдории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба роҳандози низоми устувори дарёфти бармаҳали бемории сил, табобати саривақтӣ ва дастгирии пайравии табобати сил, сили ба дорувор устувор ва Сил / ВНМО  байни маҳкумшудагон ва маҳбусони озодгашта мебошад. 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.