Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

18 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СИҶҶ ВА ҶТ) баргузор гардид

usaid                       gerb                         logoafifPNG

 

МАЪЛУМОТНОМА

 

tjpost realez 18 sept     18 сентябри соли 2020 дар шаҳри  Душанбе Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ҳифзи саломатӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СИҶҶ ВА ҶТ) баргузор гардид, ки дар он 28 намояндагони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

     Иштирокчиёни гурӯҳи корӣ бо натиҷаҳои соли аввали татбиқи лоиҳаи панҷсолаи "Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ", ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, шинос шуда, оид ба пешгирии бемории сил ва ВНМО дар системаи пенитенсиарии кишвар табодули афкор карданд.

     Гурӯҳи кории зикршуда аз соли 2003 инҷониб механизми доимии ҳамоҳангкунандаи ҳифзи саломатӣ дар системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маълумот: Лоиҳаи панҷсолаи USAID "Пешгирӣ ва табобати сил дар муассисаҳои ислоҳӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2020 аз ҷониби ТҶҶ "Афиф" дар ҳамкорӣ бо СИҶҶ ВА ҶТ, хадамотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии "Амали нек" ва "Вита" амалӣ карда мешавад.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.