Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Эълон оид ба вазифаи холии кормандони саҳроӣ № Afif/FHI360

Afif new

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» (РОО «Афиф») ташкилотест, ки саъю кӯшиши он бо мақсади таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон ба амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.

 

ТҶҶ «Афиф» барои ишғоли мансабҳои холии кормандони саҳроӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад (Созишномаи оиди ҳамкорӣ № 72011922CA00001).

 

Тавсиф:

Ҳадафи ин лоиҳа Паст кардани сарбории бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа инҳоянд:

• Беҳтар кардани дарёфти ҳолатҳо ва огоҳсозии ҳама шаклҳои бемории сил;

• Беморони бештар аз ҳама шаклҳои бемории сил шифо ёфтанд;

•Тақвият бахшидан ба чорабиниҳои пешгирии бемории сил бо амалигардонии тадбирҳои такмилёфтаи назорати сироят;

• Баланд бардоштани устуворияти соҳаи силшиносӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустии ҷамъиятӣ.

Мӯҳлати фаъолият: 1 октябри соли 2023 – 30 сентябри соли 2024

Ҷуғрофияи фаъолият: Минтақаи Бохтари вилояти Хатлон

 

ноҳияҳо

шумораи кормандон

Бохтар

2

Ҷ. Балхӣ

4

Дӯстӣ

2

А. Ҷоми

3

Хуросон

2

Носири Хисрав

1

Кӯшониён

4

Левакант

1

Норак

1

Қабодиён

3

Шахритуз

2

Вахш

4

Ёвон

4

 

Тавсифи ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

• Пешгирӣ, ташхис, табобати бемории сил ва сили ба дору устувор (БСДУ) ва нигоҳубини бемории сил;

• Машварат ва ташхис оид ба бемории сил;

• Дарёфти фаъоли бемории сил дар байни аъзоёни оила, атрофиён ва муҳити иҷтимоии беморони сил;

• Риояи чораҳои назорати сирояти бемории сил;

• Мусоидат дар ташкили ҷамъоварӣ ва интиқоли балғам дар минтақаҳои лоиҳа;

• Мусоидат дар ташкил ва гузаронидани ташхиси рентгенӣ дар байни гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа бо истифода аз дастгоҳи рақамии рентгении сайёр;

• Мусоидат дар дастгирӣ ва назорати табобати беморони сил то анҷоми бомуваффақияти табобат;

• Пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ.

 

Ҳисоботдиҳӣ: Корманди саҳроӣ бевосита ба мутахассиси лоиҳа ҳисобот медиҳад.

 

Талабот ба номзад:

• соҳиби маълумот будан, маълумоти тиббӣ бартарӣ дорад (хатмкунандагони муассисаҳои тиббие, ки дар минтақаҳои лоиҳа зиндагӣ мекунанд);

• донистани хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

• доштани малакаи асосии кор дар компютер;

• доштани малакаи хуби муошират.

 

Номзадҳо метавонанд ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. номаи таваҷҷӯҳ ва ҳолномаи худро ирсол кунанд.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди мактубҳои таваҷҷӯҳ ва ҳолнома 25 августи соли 2023 то соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Танҳо номзадҳои ба рӯйхати пешакӣ воридшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

 

Телефон барои маълумот: +992 935832578




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.