Ассалом. Агар шумо дар хориҷ бошед, метонед ба ягон шахс (адвокат, ҳуқуқшинос) ваколатнома равон карда ақди никоҳатонро қатъ кунед. Барои бекарор кардани ақди никоҳ иштироки шумо дар суд ҳатмӣ нест. Шумо барои гирифтани фарзандатон ҳақ доред. Лекин фарзанд бояд бо ки монад инро суд муайян мекунад. Агар барои гирифтани фарзанд даъво кунед, дар ин ҳолат хуб мешуд, худи шумо низ дар суд иштирок кунед. Агар дар номи шумо ягон моликият набошад (хона, мошин) ҳамсари шумо наметавонад оиди ин даъво кунад. Агар ҳамсари шумо ҷойи зисти муайян надошта бошад, дар ин ҳолат ҳамсаратон метонад оиди маскун кардан ба суд муроҷиат кунад. Дар ин ҳолат суд метонад оиди маскун кардан қарор қабул кунад. Тарзи навиштани ариза аз ҳолати воқеъии ҳар як шаҳрванд вобастаги дорад. Яъне, як шакли тасдиқшуда вуҷуд надорад. Барои навиштани ариза метонед аз ёрии ҳуқуқшинос ё адвокат истифода баред.