Ассалом. Оиди ин масъала дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбайъи ва дар ду (чанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар санаи 17 апрели соли 1998 таҳти №122 тасдиқ шудааст, гуфта шудааст. Мувофиқи банди 2 Қарори мазкур дар як вақт ишғол намудани ду вазифзи роҳбарикунанда (ба ғайр аз вазифаҳои устоҳо) агар қонунгузорӣ дигареро муқаррар накарда бошад, иҷозат дода намешавад. Ба вазифаҳои роҳбарикунанда вазифаҳои роҳбарони корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва шакли фаъолият, шeъбаҳо, цехҳо, бахшҳо ва ғайра, муовинони онҳо, таалуқ доранд. ДАР БАРОБАРИ ОН ИН МАҲДУДИЯТ НАМЕТАВОНАД ЯГОН РОҲБАРРО АЗ ҲУҚУҚИ КОР КАРДАН ДАР ВАЗИФАҲОИ ОДДӢ МАҲРУМ НАМОЯД.
Яъне, директори НПО ҳамчун корманди оддӣ дар дигар ташкилот кор карда метавонад, лекин ҳамчун директор ё муовини он кор карда наметавонад.