Ассалом Карим.
Дар ҳақиқат оилаҳое ҳастанд , ки дар он падар ва ё модар ӯгай ҳастанд.
Зане аз ҳаёти худаш воқеаеро ба хотир оварда мегӯяд: «Зани пешинаи шавҳарам ба фарзандон ёд додааст, ки ба ягон гапи ман гӯш накунанд, ҳатто ба чунин суханони оддӣ, монанди “Шустани дандонатонро фаромӯш накунед”». Вай ҳис мекунад, ки издивоҷи ӯ дар натиҷаи чунин рафтори ҷудоиовар осеб дидааст.
Оилаҳое, ки дар онҳо падар ё модар ӯгай ҳастанд, дар муносибат бо шахсони берун аз оила бисёр вақт бо душвориҳои махсус дучор мешаванд. Масалан, ба аксари волидони ӯгай лозим меояд, ки бо волидони аслии фарзандон оиди масъалаҳои зерин, ба монанди хабаргирӣ, тарбия ва дастгирии пулӣ бо якдигар муомила кунанд. Ҳамчунин, барои дӯстону хешовандон ба аъзоёни нави оила одат кардан душвор буда метавонад.
Муносибат бо волиди аслии кӯдак
Модаре мегӯяд: «Модари фарзандони ӯгаям боре ба онҳо гуфт, ки ман фақат зани нави падарашон ҳастам ва ягон фарзанди мо ба онҳо бародару хоҳар шуда наметавонад. Суханони ӯ ба дилам сахт расиданд, чунки ман фарзандони ӯгаямро мисли фарзанди худам хеле дӯст медорам».
Мутахассисон мегӯянд, ки дар оилаҳои ӯгай муносибат бо волиди дигари кӯдак метавонад як масъалаи мушкил ва баҳсноке гардад. Бисёр вақт, мушкилӣ байни модари аслӣ ва модари ӯгай сар мезанад. Дар чунин ҳолат чӣ кӯмак карда метавонад?
Калид барои муваффақ гаштан: ҳудудҳои оқилона гузоред. Агар шумо фарзандро аз волиди аслиаш тамоман дур карданӣ шавед, кӯдак метавонад аз ҷиҳати эмотсионалӣ азоб кашад. Волидони аслии кӯдак, яъне онҳое, ки ӯро «ба дунё оварда»-анд, дар ҳаёти кӯдак ҷои махсусро ишғол мекунанд. Лекин, агар шумо ба ҳамсари пешинаатон гузоред, ки ба оилаатон аз ҳад зиёд таъсир расонад, бо ин шумо метавонед ҳамсари наватонро хафа кунед ё ҳатто ба хашм оред. Бикӯшед, ки бомувозинат бошед, яъне то тавонистанатон бо волиди дигар ҳамкорӣ намоед ва ҳамзамон барои муҳофизат кардани издивоҷи худ ҳудудҳои оқилона гузоред.
Вақте ки шумо бо ҳамсари пешинаатон гап мезанед, диққати худро асосан ба фарзандон равона кунед ва оиди мавзӯъҳои дигар камтар гап занед. Масалан, шумо метавонед аз ӯ эҳтиромона хоҳиш кунед, ки агар имкон бошад, дар давоми рӯз, дар як вақти муайян занг занад. Ин одатан назар ба зангҳое, ки ногаҳон ё дар бевақтии шаб карда мешаванд, бисёртар манфиат меорад.
Агар фарзандонатон бо шумо зиндагӣ накунанд, метавонед бо онҳо ба воситаи зангҳои телефонӣ, номаҳо, СМС-ҳо ва почтаи электронӣ алоқаи доимиро нигоҳ доред. Баъзеҳо ҳатто тавассути Интернет якдигарро дида сӯҳбат мекунанд. Он гоҳ шумо метавонед оиди ниёзҳо ва мушкилиҳои фарзандонатон бисёртар фаҳмед ва ба онҳо маслиҳати фоиданок диҳед.
Ба модари фарзанд «ҳамдардӣ» зоҳир карда, равшан нишон диҳед, ки шумо ҷои вайро гирифтанӣ нестед. Ӯро аз кору аҳволи фарзандонаш бохабар карда истед ва диққататонро асосан ба чизҳои мусбӣ равона кунед. Аз вай маслиҳат пурсед ва вақте ки ӯ маслиҳат медиҳад, миннатдорӣ баён кунед.
Дар ҳузури модари аслӣ меҳру навозишро камтар зоҳир кунед. Модаре мегӯяд: «Фарзанди ӯгаи хурдиам мехоҳад маро “модар” гӯяд. Мо маслиҳат кардем, ки ӯ метавонад маро дар хона “модар” гӯяд, лекин дар пеши модари худаш, ё оилаи ӯ ин тавр нагӯяд. Баъди ин, муносибати ману модари аслиаш беҳтар шуд. Баъдтар мо ҳатто якҷоя ба фарзандон дар намоишҳои мактабӣ ва экскурсияҳо кӯмак мерасондем».
Ҳеҷ гоҳ дар ҷое, ки кӯдак шуморо шунида метавонад, оиди волиди аслӣ ё ӯгай сухани бад нагӯед. Ба суханони танқидомез дода шудан осон аст, лекин ин кӯдакро хеле ғамгин мекунад. Ва шумо намедонед, ки кай ва чӣ тавр гапҳои шумо метавонад ба гӯши волиди дигар рафта расад. Агар кӯдак гӯяд, ки волиди аслӣ ё ӯгаяш шуморо ганда кард, ба ҷои ба хашм омадан, беҳтараш ба ҳиссиёти кӯдак диққат диҳед. Шумо чунин гуфта метавонед: «Афсӯс, ки ту ин суханонро шунидӣ. Модари ту аз ман хафа аст ва агар одамон хафа бошанд, баъзан суханони на он қадар хуб мегӯянд».
Кӯшиш кунед, ки қоидаву тартибот дар хонаи шумо бо қоидаву тартиботи оилаи дигари кӯдак монанд бошад. Агар ин имконнопазир бошад, шумо метавонед волиди дигарро танқид накарда, фарқиятро ба фарзандон фаҳмонед. Масалан:
Модари ӯгай: Тоҳир, илтимос сачоқи тарро ба мех овез.
Тоҳир: Дар хонаи модарам, мо сачоқро ба замин мепартоем ва модарам худаш онро ба мех меовезад.
Модари ӯгай (бо хашм): Ҳа, бо ин вай ба шумо танбалиро ёд медиҳаду халос.
Оё ҷавоби зерин хубтар намебуд?
Модари ӯгай (оромона): Хуб, фаҳмо. Дар ин ҷо мо худамон онҳоро меовезем.
Дар вақтҳое, ки кӯдакон бояд бо волиди дигар бошанд, ягон корҳои оилавиро ба нақша нагиред. Лекин, агар шумо нақшаатонро дигар карда натавонед, пеш аз ба кӯдак гуфтани нақшаи худ аввал ба волиди дигар вазъиятро фаҳмонед ва иҷозат пурсед.
Дафъаи оянда ҳангоми вохӯрдан бо шавҳар ё зани пештараи ҳамсаратон ё ин ки бо зан ё шавҳари ҳамсари пешинаатон чунин қадамҳоро гузоред:
Нигоҳатонро ба ӯ равона кунед ва табассум намоед. Оҳи чуқур накашед, даст бар миён монда гап назанед ва чашматонро нагурезонед.
Агар ин аз рӯи эҳтиром бошад, номи он шахсро гирифта бо ӯ саломуалейк кунед.
Агар ҳамроҳи шумо дигарон низ бошанд, ӯро ба гап ҳамроҳ кунед.
Муносибат бо фарзандони баркамол
Дар як китоб суханони зане оварда шудаанд, ки ӯ аз рафтори шавҳараш нолиш мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш доимо фарзандони баркамоли худро тарафгирӣ карда, ба муносибати дағалонае, ки онҳо ба вай мекунанд, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад. «Аз чунин муносибат ман бештар ба хашм меоям»,— мегӯяд зан. Шумо чӣ кор карда метавонед, то муносибат бо фарзандони баркамол ба издивоҷи шумо зиён нарасонад?
Калид барои муваффақ гаштан: ҳамдардӣ зоҳир кунед. Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро. ИнКӯшиш кунед, ки ҳиссиёти шахси дигар ва сабаби пайдо шудани онро фаҳмед. Фарзандони баркамол шояд метарсанд, ки аз меҳру навозиши волиди аслиашон маҳрум мешаванд. Ё ин ки онҳо шояд чунин фикр кунанд, ки агар бо волиди ӯгай нағз муносибат кунанд, онҳо гӯё ба оилаи аслиашон хиёнат мекунанд. Волидон бошанд, шояд метарсанд, ки агар фарзандашонро барои ба волиди ӯгай муносибати дағалона карданаш ҷанг кунанд, ӯ аз онҳо дур мешавад.
Ба ҷои фарзанди ӯгайро ба дӯстӣ маҷбур кардан, гузоред, ки муносибати шумо бо ӯ ба таври табиӣ инкишоф ёбад. Одатан, бо зӯрӣ ё фишор касеро дӯсти ҳақиқии худ кардан имконнопазир аст. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, ки дар мавриди инкишоф додани дӯстӣ бо фарзандони ӯгай бомулоҳиза ва воқеъбин бошед.
Аз гуфтани ҳар гуна фикру ҳиссиёти худ, худдорӣ намоед, ҳатто агар бо муносибати беадолатона рӯ ба рӯ шавед ҳам.
Агар шумо дар хонае, ки кӯдакон калон шудаанд, зиндагӣ карданӣ бошед, шумо шояд ба ҳайрат оед, ки онҳо ба он хона то ҳол меҳри зиёд доранд. Кӯшиш кунед, ки дар хона бисёр дигаргунӣ надароред, хусусан дар ҳуҷраҳое, ки пеш кӯдакон зиндагӣ мекарданд. Ё шояд шумо инчунин оиди ба ҷои нав кӯчидан фикр кунед.
Карим, агар фарзандони ӯгаи баркамол доимо бо шумо дағалона ё беэҳтиромона муносибат намоянд, ҳиссиёти худро ба ҳамсаратон гӯед ва фикрҳои ӯро бодиққат гӯш кунед. Ба ҳамсаратон фишор наоред, ки фарзандонашро ислоҳ намояд. Ба ҷои ин, кӯшиш кунед, ки байни худ ҳамдигарфаҳмӣ дошта бошед. Агар шумо дар ин ҳолат «якдил бошед», якҷоя вазъиятро беҳтар карда метавонед.