Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом дутар бо хисоби ягон бемори духтарии худого аз даст дода метавонад ? Баъзехо мегуянд духтаре хаст касалии занонааш ба мох мекашад аз Ин хисоб аксараш духтариашро аз даст медиханд ё ай изобилия чаҳидан

Воаллейкум ассалом!

Мавҷуд будан ё набудани пардаи бакоратӣ чизеро исбот намекунад. Пӯсти бандагӣ (пардаи бакоратӣ) дар духтарон сохтори инфиродӣ дорад. Ва он метавонад ҳатто пас аз алоқаи ҷинсӣ боқӣ монад. Ё он метавонад дар натиҷаи осеби коси хурд ё фаъолияти вазнини ҷисмонӣ канда шавад.

Ҳеҷ гуна беморӣ ба ин оварда намерасонад, танҳо дар сурати мавҷуд будани патологияҳои модарзодии набудани пардаи бакоратӣ (аплазия).

Бемориҳои асосӣ, ки боиси таъхири ҳайз мешаванд:

  • ихтилоли гормоналӣ, аксар вақт вайроншавии ғадуди сипаршакл;
  • эндометриоз;
  • варамҳо дар бачадон ва замимаҳо;
  • синдроми тухмдони поликистикӣ;
  • бемориҳои сироятии системаи таносул;
  • варами гипофиз ва ғайра;

Саломат бошед!


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.