Аз 14 то 30 марти соли 2023 Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар вилоятҳои Хатлону Суғд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ oид ба пешгирӣ ва табобати бемории сил, инчунин сафарбар намудани ҷомеа ба дастгирии беморони сил як силсила чорабиниҳо доир намуд.
Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ашт бо иштироки соҳибкорон, мутахассисони Маркази мубориза бар зидди бемории сил, шӯъбаи кор бо занон ва оила, шӯъбаи кор бо ҷавонон, намояндагони ВАО ва шахсони гирифтори бемории сил, ҷиҳати сафарбар намудани аҳолӣ барои дастгирии иҷтимоии беморони сил вохӯрӣ баргузор гардид. Дар баробари ин, дар ноҳияҳои Панҷакент, Мастчоҳ, Ашт, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Темурмалик ва шаҳри Норак бо иштироки сокинони маҳаллӣ ҷаласаҳои иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён оид ба бемории сил маълумот гирифта, аз муоинаи скрининг гузаштанд ва онҳое, ки ба саволҳои викторина оид ба бемории сил ҷавоби дуруст доданд, соҳиби туҳфаҳо гардиданд. Инчунин, дар ноҳияи Темурмалик «Рӯзи дарҳои кушод» ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони ГОА аз мутахассисони гуногун маълумоту машварати тиббӣ гирифта, аз ташхиси балғам гузаштанд ва дар ҳолати зарурӣ аз ташхиси туберкулинӣ ва ташхиси рентгенӣ низ гузаштанд.