Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол. Ҳастанд ҳолатҳое, ки шахс ҳангоми дар маҳбас қарор доштан ё ҳангоми хизмати ҳарби дар натиҷаи истифодаи як риштарошак дар байни чанд нафар гирифтор ба ин бемори гаштаанд. Чун ки ҳангоми суҳбат бо бемор маълум мегардад, ки дар зиндаги дигар роҳҳои хатари сироятёби надоштааст. Ба монанди алокаҳои ҷинсии бе рифола бо шахсони бегона, ҷароҳи, хунгузарони ва гайроҳо. Дар чунин ҳолатҳо мо ба хулосае меоем, ки бемор бо воситаи истифодаи чунин асбобҳои тамиз нашуда дар ҷойҳои бисёри бо чунин бемори гирифтор гаштааст.