Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

салом ака. Дар точикистон внмо ру ба афзоиш бошад е кохиш, шунидам да дигар давлатхо доре пайдо шудаст ки пурра аз внмо сихат мекунад рост бошад дар хамин чода ягон пешрави хаст ака?

Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол. Дар Ҷумҳурии тоҷикистон сатҳи сироятёби сол то сол зиёд шуда истодааст. Ҳар сол дар Ҷумҳурии мо зиёда аз 1000 нафар беморони нав ба қайд гирифта мешаванд. Нисбати пайдошавии дорувори барои тамоман нест кардани ВНМО аз организми инсон ин овозаҳои бардуруғ мебошанд. Олимон нисбати ин масъала кор карда истодаанд. Дар Ҷумҳурии мо доруҳое истифода бурда мешавад, ки ҳато дар дигар давлатҳои тарақикарда чунин маводҳои дорувори дарёф намегардад. Ин маводҳои дорувори сатҳи вирусро дар организми инсон паст карда саломатии инсонро ба монанди одамони солим оварда мерасонад. Ва аллбата ин барои беморони мо як пешрави ҳаст ки онҳо метавонанд ба монанди одамони солим кору фаъолият карда умри дароз бинанд.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.