Оиди САҶИ ва бемории пуст
Бону
11.06.2024
Салом духтур илтимос ба саволи ман чавоб дихед барои чи шабона кафи пойхои ман Гарм шуда мехорад
Салом! Хориш ва гармшавии кафи пой метавонад сабабҳои гуногун дошта бошаду ҳангоми бемориҳои гуногун пайдо шавад(аз омилҳои беруна ва даруна вобастагӣ доштанаш мумкин). Баъзан ҳангоми бемориҳои аллергикии пӯст низ мушоҳида мешавад(аксуламали аллергикӣ ба маводҳое, ки бо пойҳо тамос мегиранд, ба монанди ҷӯробҳои синтетикӣ ё пойафзол).
Бинобар ин ҳатман ба табиби дерматологи ҷойи зистатон муроҷиат намоед, барои ташхиси дуруст ва машварат.
Бо эҳтиром табиб – Разоқов Х.О.
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо