Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Ассаламу алейкум мутахасисони мухтарам саволи МАН ба шумо чунин АСТ МАН баъди алокаи чинси бо зани фохиша баъд аз як мох тамоми нишонахои ВИЧ дар МАН буд диарея высыпания забонам сафед дар умум тамоми нишонахои ВИЧ аз алокаи чинсиям то имруз 1 Солу 10 мох гузаштааст дар ин мулат зиëда агар хато на кунам зиëда аз 100 то тест супоридам аз якум мо то охиронаш ки 1 Солу 10 мох буд супоридам хамааш то за дар маркази ВАМИ ш Душанбе як дах бор супоридам дар чои зисти худамонхам хаминхел дар Россия як дах лабораторияда супоридам хамааш тоза 1,6 сол гузашта буд аз алокаи чинси дар Масква патент супоридам тоза агар мебаромад ягон чиз ба фикрам патент намедоданд охиронаш 1 Солу 10 мох буд аз ал чинси дар Россия дар клиникаи калони инфекционных супоридам ИФА 4 поколения тоза метавонам сад фисад бовари хосил кунам ки ин бемори дар МАН нест илтимос ба хамин саволи МАН чавоб дихед чунки зангирам дар фикрам пешаки ташаккур

Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол. Вақте, ки инсон ба бемории ВИЧ гирифтор мешавад бемори дар муддати аз 3 то 6-моҳ алакай ҳангоми гузаштан аз ташхис пайдо мешавад. Ва ҳолате, ки дар Шумо як солу 10 мох пеш  ин нишонаҳои бемори пайдо шуда буд сабабаш дигар бемори буд, ва ин нишонаҳо гузаштанду Шумо сиҳат шудед.  Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Шумо солим ҳастед ва метавонед оиладор шавед ва ин фикрҳоро аз сар дур кунед.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.