Оиди бемориҳои занона
Махбуба
25.06.2024
Салом . як савол доштам духтари мучаррад хастам да узви занонагияйм аз дарун доначахои сафед пайдо шудаанд хам хоришак ба вучуд меорад аз чи сабаб бошад лутфан зудтар чавоб медод
Воаллейкум ассалом! Аломатҳои классикии кандидоз аз доначахои сафеди маҳбал ва ихроҷи сафед иборатанд, ки бо сӯзиш, хориш, бӯи ногувор, варами луобпардаҳо ва сурхшавии пӯст дар минтақаи узвҳои таносул ҳамроҳӣ мекунанд.
Фаъолияти fungus Candida дар сурати мавҷуд будани омилҳои зерин меафзояд:
- бемориҳои эндокринӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабети қанд, гипотиреоз, фарбеҳӣ);
- истифодаи дарозмӯҳлати либосҳои шим;
- стресс;
- пӯшидани либоси таги аз синтетикӣ ё хеле танг;
- табобати дарозмуддат бо антибиотикҳо;
- истифодаи доимии ситостатикҳо, кортикостероидҳо ва доруҳои зиддидиабетикӣ, контрасептивҳои гормоналӣ;
- зуд-зуд иваз кардани шарикони ҷинсӣ;
- сирояти ВНМО, бемориҳои аутоиммунӣ;
- камхунӣ;
- амалиёт ва ҷароҳатҳо;
- сироятҳои узвҳои таносул;
- иқлим (дар кишварҳои ҷанубӣ одамон бештар бемор мешаванд);
- норасоии витаминҳо ва оҳан;
- истифодаи маҳсулоти гигиенӣ бо рангҳо ва атр.
Барои табобат асосан доруҳои системавии зиддимикотикӣ “antifungals”
(противогрибковые) истифода мешаванд.
Саломат бошед!
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо