Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол. Сабаби асосии хориши пойҳо одатан дар бемориҳои пуст экзема, дерматит, бемориҳои замбуруғи (грибковые заболевание), чесотка ба мушоҳида мерасад. Инчунин хориши пойҳо ҳангоми сухтан дар оби ҷуш ё ин ки ягон маводи химияви баъди табобат дар ҷойи сухтаги хоришот дида мешавад. Ҳамзамон ҳангоми истифодаи наскиҳои синтетики ё пойафзол чунин хоришҳо мушоҳида карда мешавад.
Дар бемории гепатитҳои вируси бошад тамоми аъзои бадан мехорад на танҳо кафи пой. Вале дар гепатити С хориши кафҳои пой дида мешавад ва илова бар ин дигар нишонаҳои бемории гепатити С ба монанди дилбеҳузури кайкуни зардшавии ранги пуст ва гароҳо. Аммо дар Шумо дигар нишонаҳои гепатитҳои вируси дида намешавад.
Аз ин лиҳоз тавсия медиҳам, ки ба духтури пӯсту зуҳрави муроҷиат намуда аз вазъи саломатии худ бохабар шавед.
Айни замон дар дорухонаҳо доруҳои бехтарин ба монанди; Бетаметазон, гидрокартизон, метилпреднизолон ва дигар намуди равганҳои молидани ҳастанд, ки дар чунин ҳолатҳо ба Шумо ёри мерасонанд.