Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Ассалом муаллимаҷон. Ман номамро гуфта наметонум. Агар маро ба алоқаи ҷинсӣ тела диҳанд, чӣ кор кунам?

Ассалом
Қарорҳое, ки ҳозир қабул мекунӣ, ба ҳаёти ояндаат таъсир мекунанд.
Ин воқеаро тасаввур кун: Ҳангома бо Меҳроҷ се моҳ вохӯрда истодааст, лекин ба назараш чунин метобад, ки ӯро як умр мешиносад. Онҳо тез-тез ба якдигар СМС менависанд, соатҳои дароз бо телефон гап мезананд ва қариб ки бе гап якдигарро мефаҳманд.
Дар муддати ду моҳи охир онҳо аллакай даст ба даст мегарданд ва якдигарро мебӯсанд. Лекин ин барои Меҳроҷ кам аст. Ҳангома бошад, чизи бештареро намехоҳад. Аммо ӯ метарсад, ки мабодо дили Меҳроҷ аз ӯ хунук шавад. Вақте ӯ ҳамроҳи Меҳроҷ аст, худро зебову нозанин ҳис мекунад. «Ғайр аз ин,— фикр мекунад Ҳангома,— ману Меҳроҷ якдигарро дӯст медорем-ку».
Агар ту синну солат барои бо касе вохӯрдан мувофиқ мебуд, дар ҳолати Ҳангома чӣ кор мекардӣ?
Исто ва фикр кун
Алоқаи ҷинсӣ ин тӯҳфаи Худо ба одамони оиладор аст. Пеш аз оиладоршавӣ ба ин кор даст зада ту нишон медиҳӣ, ки ин тӯҳфаро қадр намекунӣ. Ин монанди он аст, ки касе ба ту куртаи зебое тӯҳфа кард, ту бошӣ, онро ба ҷои латта истифода мебарӣ
Агар ту аз болои дарахт парида, мисли парранда парвоз карданӣ шавӣ, оқибаташ нағз намешавад. Барои чӣ? Чунки ту қонуни физика, яъне қонуни ҷозибаро писанд накардӣ. Ҳамин тавр ҳам, агар ту қонуни ахлоқиро вайрон кунӣ, оқибати талхашро мечашӣ. Яке аз чунин қонунҳо мегӯяд, ки шахс набояд бо касе, ки зан ё шавҳараш нест, хуфтухоб кунад: Аз зино парҳез кунед.
Агар ин қонунро вайрон кунӣ, чӣ мешавад?  «Зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад». Ин чӣ маъно дорад?
Олимон фаҳмиданд, ки бисёр ҷавононе, ки пеш аз оиладоршавӣ алоқаи ҷинсӣ (секс) кардаанд, баъдтар чунин душвориҳоро аз сар гузарониданд:
ПУШАЙМОНӢ. Қариб ҳама ҷавононе, ки пеш аз издивоҷ ба алоқаи ҷинсӣ даст задаанд, баъдтар аз ин корашон пушаймон шудаанд.
НОБОВАРӢ. Вақте духтару писаре, ки ҳоло оиладор нестанд, бо ҳам алоқаи ҷинсӣ мекунанд, баъд аз худ мепурсанд: «Ӯ ба ғайр аз ман боз бо кӣ алоқаи ҷинсӣ карда бошад?»
ДИЛХУНУКӢ. Дар даруни дил бисёри духтарон мехоҳанд ҳамроҳи касе бошанд, ки онҳоро қадр кунад, на ин ки истифода барад. Бисёри писарон бошанд, вақте бо духтаре алоқаи ҷинсӣ мекунанд, дилашон аз вай мемонад.
Хулоса: Агар ту пеш аз оиладор шудан ба алоқаи ҷинсӣ (секс) даст занӣ, қадру қимататро паст мекунӣ ва як чизи пурарзишро аз даст медиҳӣ. Ҳеҷ гоҳ тани худро беқадр накун!
Фақат барои духтарон. Нишон деҳ, ки ту қувват ва иродаи қавӣ дорӣ ва «аз зино парҳез» карда метавонӣ. Вақте ки аллакай оиладор шудӣ, бо виҷдони тоза метавонӣ алоқаи ҷинсӣ кунӣ. Он вақт ин ба ту хурсандӣ меорад ва хавотирӣ, пушаймонӣ ё чизи дигар туро ғам намедиҳад.
Оё касе, ки туро нағз мебинад, ҳиссиёт ва саломатии туро зери хатар мемонад?
Оё касе, ки туро нағз мебинад, мехоҳад, ки ту дар назари Худо нопок шавӣ?
Бисёри писарон гуфтанд, ки онҳо духтареро, ки аллакай бо касе алоқаи ҷинсӣ карда бошад, ба занӣ намегиранд. Онҳо мехоҳанд занашон пок бошад!
Оё ин бароят аҷоиб метобад? Ё шояд туро ба ғазаб меорад? Дар филмҳо ва сериалҳо алоқаи ҷинсӣ чун як чизи безарар, аҷоиб ва чун нишонаи муҳаббати ҳақиқӣ тасвир мешавад.
Лекин сода набош! Касе, ки мехоҳад туро ба алоқаи ҷинсӣ тела диҳад, фақат дар бораи худаш фикр мекунад.
Фақат барои писарон. Агар ту бо ягон духтар вохӯрда истода бошӣ, аз худ бипурс: «Оё ман ғами ӯро мехӯрам?» Агар ҳа, чӣ тавр инро нишон дода метавонӣ? Се хислат ба ту дар ин кор ёрдам мекунад: қувват, муҳаббат ва хирад. Вақте ту гуфтаҳои Қонунро риоя мекунӣ, қувватро нишон медиҳӣ. Вақте кӯшиш мекунӣ, ки дукаса танҳо намонед, хирадро ба кор мебарӣ. Вақте дар бораи духтар ва обрӯяш фикр мекунӣ, муҳаббатро нишон медиҳӣ.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.