Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ҳепатитҳои вирусӣ

салом бародари азиз я савол доштам, гепатит С, В ва ВИЧ берун аз организми инсон яне дар мошинкахои ришгири чикадар зинда мемонанд илтимос ба хамин савол чавоб медоден? Рахмат

Ассалому алейкум. Ташаккур барои савол. Вируси гепатитҳои В ва С ба шароити муҳит хело тобовар буда дар таркиби хун то 6-моҳ ва дар хунуки то муддати 15-сол ва дар плазмаи хун то 20-сол метавонад зинда монад ва хатарнок (сироятпазир) бошад. Ҳангоми автоклав кунондан дар муддати 30-дакика, ҳангоми безараргардони (стерелизация) дар 160-дараҷа дар муддати 60-дақиқа нест мешавад.

Вируси гепатити В ва С дар таркиби хун, нутфа, оби даҳон ва дигар моеъҳои бадан, инчунин дар шоткаи дандоншуйи, риштарошак то 7-руз метавонад зинда монад ва хатарнок бошад. 

Аммо вируси ВИЧ (ВНМО) хело вируси ноустувор буда берун аз организми инсон дар муддати кутоҳтарин мефавтад.

Тибқи тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти вируси ВИЧ берун аз организми инсон дар муддати аз 8-дақиқа то ним соат мефавтад ва безарар мегардад. Ҳангоми истифодаи асбобҳои ришгири бо оби хунук, оби гарм ё дигар маводҳои безараргардони ришгиракро тамиз намоем вирус дарҳол нест мешавад.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.